Дастгоҳи давлатӣ
Дастгоҳи давлатӣ — низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст.[1].
2. Дастгоҳи давлат — давлат бо пайдоиши худ ба дастгоҳи хидматкунанда эҳтиёҷ дошта, дар ҳар як марҳилаи тараққиёташ онро тағӣир медиҳад. Дастгоҳи давлат аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иборат буда, ба мақсади функсияи ҳокимияти давлатиро иҷро кардан аз тарафи давлат ташкил дода мешавад.
Дастгоҳи давлат маҷмуи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор аст, ки функсияи ҳокимиятдориро амалӣ месозанд. Дастгоҳи давлатӣ воқеан дастгоҳи ҳокимият буда, воҳидҳои таркибии он аз номи давлат, ҳамчун намояндагони ҳокимият ваколатҳои ҳокимиятиро иҷро мекунанд. Дастгоҳи давлат дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ (воҳиди таркибии ҳокимият) буда, вазифаи асосиаш амалисозии ҳокимият аст.
Дастгоҳи давлатӣ дасггоҳи идоракунии сиёсӣ буда, ба танзиму идораи ҳаети сиёсии ҷомеа машғул аст, тамоюлҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро амалӣ мекунад. Дастгоҳи давлатро асосҳои ягонаи ташкилу фаъолияти он, мақсад ва вазифаҳои ягона, манфиатҳон умумидавлатӣ ташкил медиҳанд.
Дастгоҳи давлатӣ ҳам вазифаи идоракунии ҷомеа (идоракунии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавй) ва ҳам вазифаи татбиқи чораҳои маҷбурсозии давлатиро иҷро менамояд.[2]
Инчунин нигаред
вироишМасалан дар Тоҷикистон чунин намудҳои Дастгоҳи давлатӣ — Дастгоҳи иҷроияи Президент, Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва диг. фаъолият мекунанд.
Сарчашма
вироиш- Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 166; соли 2007, №6, мод. 429; с.2010,№3,мод. 158; с.2011, №6, мод. 452; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №900, 28.12.2012с. №914, Қонуни ҶТ аз 22.02.2013 № 1016с.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қонуни ҶТ Дар бораи хидмати давлатӣ. Б.1. Мод. 1. Мафҳумҳои асосӣ. 9 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2016.
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 144