Мақомоти маҳаллии намояндагӣ
Мақомоти маҳаллии намояндагӣ — мувофиқи Конститутсия мақомоти маҳаллии намояндагӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро Раис роҳбарӣ мекунад (м.77). Вакилони Маҷлиси маҳаллӣ аз тарафи интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Маҷлисҳои вакилони халқ дар ҳадди салоҳияти худ фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд Маҷлиси вакилони халқ фаъолияти худро дар иҷлосияҳо, ба воситаи кори доимии комиссияҳои доимӣ ва дигар комиссияҳо, инчунин бо роҳи ваколати худро татбиқ намудани вакилон амалӣ менамояд. Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ иҷлосия мебошад, ки дар он ҳамаи масъалаҳои ба салоҳияти он гузошташударо ҳал мекунад.
Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ дар доираи салоҳияти худ қарорҳо қабул мекунад. Онҳо барои иҷро аз тарафи ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави вилоят, шаҳр, ноҳия сарфи назар аз мансубияти идоравиашон, аз тарафи шахсони мансабдор, шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Дар сурате, ки санадҳои Маҷлиси маҳаллӣ ва Раис ба Конститутсия, қонунҳо мувофиқ набошанд, онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ ё суд бекор карда мешаванд. Қарорҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи салоҳияташон қабул кардаанд, барои иҷро азтарафи мақомоти поёнӣ ҳатмй асг.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 271-272
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |