Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ — Тоҷикистон фаъолияти худро ба воситаи мақомоти давлат ба амал мебарорад. Мақомоти давлатӣ воситаи асосии амалӣ гардонидани ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи онҳо халқ ҳокимияги давлатии ба ӯ тааллукдоштаро ба амал мебарорад. Мақомоти давдатӣ мувофиқи тартиби дар Конститутсияи ҶТ муқарраршуда таъсис меёбанд ва амал менамоянд. Яке аз хусусияташон ҳамин аст, ки ҳамаи онҳо мақомоти намояндагии давлатӣ мебошанд. Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонй аз тарафи шаҳрвандон интихоб мегарданд. Раиси ҷумҳур низ бо ҳамин тартиб интихоб мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи Раиси ҷумҳур таъйин карда шуда, ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳайати Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро Раиси ҷумҳур барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамоянд. Ҳайати Судҳои ҳарбӣ, Суди ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди вазири адлия Раиси ҷумҳур таъйин ва озод мекунад.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 272