Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа
Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа — ҷамоатро, ки он мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа мебошад, Раиси ҷамоат бо маслиҳати Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, ё Раиси шаҳр, ноҳия дар мавриди зарурӣ, вале камаш ду бор даъват мекунад. Раиси шаҳр, ноҳия ё худ бо ташаббуси камаш сеяки шаҳрвандон, ки ҳуқуки дар Ҷамоат иштирок кардан доранд, даъват шуда метавонанд. Дар Ҷамоати шаҳрак намояндагони кӯчаю маҳаллаҳо, дигар воҳидҳои марзии дар ҳайати он буда, дар Ҷамоати деҳа бошад, намояндагони деҳаҳои дахлдор чун вакил иштирок менамоянд.
Ҷамоат дар ҳадди худидораи шаҳраку деҳа ваколатҳо дорад ва хидматрасонии аҳолии маҳал, ободонии шаҳраку деҳаро ба роҳ монда, ҷамъоварии маблағ ва харҷи онро ташкил мекунад. Ҷамоат масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои заминро барои эҳтиёҷоти давлатӣ, ҷамъиягӣ ва шахсӣ, тартиби ихтиёрдорӣ, истифода ва иҷораи замин ва дигар муносибатҳо оид ба заминро ҳал мекунад. Раиси Ҷамоат дастгоҳи худро дорад ва дар доираи салоҳияти худ мустақилона қарор қабул мекунад.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 273-274
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |