Мақсудҷон Инъомов — олим, муаррих, доктори илмҳои таърих (1997), профессор (1997).[1]

Мақсудҷон Инъомов
Мақсудҷон Инъомов
Таърихи таваллуд 20 октябр 1953(1953-10-20) (70 сол)
Зодгоҳ ХуҷандҶШС Тоҷикистон
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М. Киров, Факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Маркази Хуҷандии АИ ҶТ

Зиндагинома

вироиш

Мақсудҷон Инъомов ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1975). Омӯзгори мактаби миёнаи № 14-и н. Хуҷанд (1975-77), аспирант, ассистент, сармуаллим, ноибдекани шуъбаи тайёркунӣ, ноибдекани кор бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи таърихи ДДТ (1977-87), дотсенти кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1987—1992), мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик (1992—1993), декани Факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (1993—1995), ноибректори таълим (1995—1999), корманди калон, мудири шуъбаи фанҳои гуманитарии Маркази Хуҷандии АИ ҶТ (аз с.1999). Муаллифи зиёда аз 120 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-оммави оид ба масъалаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик дар замони нав ва навтарин, таърихи ташаккул ва инкишофи синфи коргар дар Тоҷикистон. Дорандаи Чоизаи вилоятии ба номи академик Б. Ғафуров (2005). Иштироккунандаи конфронсҳои байналхалқӣ ва ҳамоишҳо (Иерусалим,1998).

  • Таърихнигорони тоҷик. — Хуҷанд, 1995 (бо хаммуаллиф);
  • Таджикистан: трагедия и боль народа. — СПб.1993;
  • Рабочий класс Таджикистана (1945-60). — Худжанд, 1996;
  • Формирование и рост рабочего класса Таджикистана. — Худжанд, 1996;
  • Рождение первых отрядов рабочего класса в Таджикистане. — Худжанд, 1996;
  • Шуҷоати Спитамен. — Хуҷанд: Хуросон, 2005 ва ғайра.

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш