Мақсудҷон Муҳиддинҷонов

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов (26 майи 1950, ноҳияи Фархор — 16 августи 2023, Душанбе) — мухбир ва аксбардори тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов
Таърихи таваллуд 26 май 1950(1950-05-26)
Таърихи даргузашт 16 август 2023(2023-08-16)

Зиндагинома

вироиш

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов 26 майи соли 1950 дар ноҳияи Фархор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратови Федератсияи Русияро бо ихтисоси филолог-муаллими забони русӣ хатм намудааст. Мавсуф солҳои зиёд ба ҳайси шогирди рассоми комбинати хизмати маишии ноҳияи Фархор, мухбир-суратгири рӯзномаи «Гулистон»-и ноҳияи Фархор, мураббии хобгоҳи Техникуми геологии Тоҷикистон, мудири шуъбаи сурат-ахбори ТоҷикТА, сармуҳаррири редаксияи «Фотохроника»-и ТоҷикТА, мухбир-суратгири рӯзномаи Тоҷикистон, мухбир-суратгири Маркази иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи иттилоотии мусаввар дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов солҳои зиёд ҳамчун суратгири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати шоиста намудааст.

Даргузашт

вироиш

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов 16 августи сои 2023 дар синни 73-солагӣ дар Душанбе даргузашт[1].

Ҷоизаҳо

вироиш

Хидматҳои Мақсудҷон Муҳиддинҷонов бо медали Хизмати шоиста ва Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.