Ноҳияи Фархор

ноҳияе дар вилояти Хатлони Тоҷикистон

Ноҳияи Фархор (форсӣ: ناحیۀ فرخار‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ноҳияи Фархор
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Хатлон
Маркази маъмурӣ Фархор
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 23 ноябр 1930
Масоҳат
  • 1 183,1 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 179 100[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон, узбакҳо
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 3316
Нишонаи почта 735140
Ноҳияи Фархор дар харита

Ин ноҳия 23 ноябри соли 1930[3] дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[4].

Маркази ин ноҳия шаҳраки Фархор аст

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳияи Фархор бо сарзамине 1183,1 км² дар дараи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ғарб — бо ноҳияҳои Вахш ва Румӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияи Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вулусволии Дарқад аз бахшҳои Вилояти Тахор дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Таърих

вироиш

Дар сарзамини Фархор осори бисёре аз гаҳи бостон мавҷуд аст, ки куҳантаринашон аз асри санг бозмондааст[5]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин вайронаҳои Шӯртеппа ё Мазортеппа аст, ки 3 км шимолтар аз Фархор ҷой доранд.

Сарзамини кунунии ноҳияи Фархор дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд. Номи Фархор дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои «Форғар» (форсӣ: فارغر‎) ё «Борғар» (форсӣ: بارغر‎) омада [6] ва дар он замон сарзаминеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Порғар и Ахшу ҷой дошт. Ин ҷойном дар асл «Порғар» (форсӣ: پارغر‎) буда ва «Форғар» (форсӣ: فارغر‎) ва «Борғар» (форсӣ: بارغر‎) арабишудааш аст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз ҷойноми «Форғар» дар достони ҷангҳои подшоҳи Турон Афросиёб ёд мекунад[7].

Дар садаи X м. Фархор сарзамине ободон ва дорои кишту барзи фаровон ва мардуми бисёр буд[8]. Дар садаи XVII м. ин сарзаминро «Форхар» (форсӣ: «فارخر»‎) мехондаанд[9].

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Фархор бахше аз вилояти Кӯлоб гардид.

Мардум

вироиш

Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Фархор 155,7 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[10]. Мардуми Фархор ба забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
175,7 179,1

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Фархор 1 шаҳрак ва 8 ҷамоат[11] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Фархор
Ҷамоат Аҳолӣ
Фархор, шаҳрак 19 338
Ватан 16 749
Хутан 9 263
Гулшан 9 066
Дарқад 9 270
Деҳқонобод 9 076
Зафар 9 263
Истиқлол 10 358
Хуросон 15 000

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Фархор Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Фархор Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Фархор барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт

вироиш

Маориф ва фарҳанг

вироиш

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Абулькасим Фирдоуси. Шах-наме. Критический текст, в 9 томах. — М.: Наука, 1966—1971. Т.4.
  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м.
  • Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (География). Введение, перевод, примечания, указатели Б. А. Ахмедова. — Ташкент: Фан, 1977. — 166 с. и 16 с. текста факсимиле.
  • Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
  • Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p.
  1. 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Фархорский район
  4. КУЛЯБСКИЙ РАЙОН. 5 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
  5. Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958. — с. 12
  6. Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
  7. Абулькасим Фирдоуси. Шах-наме. Критический текст, в 9 томах. — М.: Наука, 1966—1971. Т.4, с. 279, 282
  8. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. — саҳ. 119
  9. Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (География). Введение, перевод, примечания, указатели Б. А. Ахмедова. — Ташкент: Фан, 1977. — 166 с. и 16 с. текста факсимиле. с. 64
  10. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  11. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 99-100 с.