Мақсудҷон Умаров — физик, доктори илмҳои физикаю математика (1996), профессор (1998). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2001).

Мақсудҷон Умаров
Таърихи таваллуд 11 июл 1954(1954-07-11) (70 сол)
Маъруф ба олим

Зиндагинома

вироиш

Мақсудҷон Умаров ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1976). Сарлаборанти ПФТ ба номи С.У.Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон (1976-1978), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1978-1981). Соли 1983 дар мавзӯъи «Омузиши хосиятҳои физикии кристаллҳои нодир бо усули спектроскопияи лазери» рисолаи номзадиашро дар Русия (ш.Красноярск) бомуваффакият дифоъ намудааст. Ходими хурди илми (1981-1983), ходими калони илмии ПФТ ба номи С.У. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон(1983-1989), дотсенти факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1989-1994). Соли 1996 дар мавзӯъи «Омузиши хосиятҳои физикии кристаллҳои нодир таҳти таъсири омилҳои беруна бо усулҳои ултрасадо ва спектроскопияи лазерӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Профессор ва мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт ва радиоэлектроника (1997-2006), мудири кафедраи физикаи умуми ва физикаи ҷисмҳои сахт (2000-2003), мудири кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника (2003-2007), мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2007).

Дар муддати фаъолияти илми-педагогӣ Мақсудҷон Умаров зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 7 монография ва дастури таълимӣ нашр намудааст. Иштироккунандаи конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумхуриявӣ ва байналмилалӣ. Соли 1984 Мақсудҷон Умаров барои корҳои илмиаш бо Ифтихорномаи КМ комсомоли ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

  • Комбинационное рассеяние света в сегнето и пьзоэлектриках. - Худжанд: Хуросон, 2003 (в соавт.);
  • Дефекты и рассеяние света в кристаллах. - Худжанд, 2006 (в соавт.);
  • Колебательные спектры и акустическая добротность. - Худжанд, 2007 (в соавт.).[1]

Сарчашма

вироиш
  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html