Маҳдӣ Ҳамидии Шерозӣ
Маҳдӣ Ҳамидии Шерозӣ (форсӣ: مهدی حمیدی شیرازی; 5 май 1914, Шероз — 1 июл 1986, Теҳрон) — адиб, шоир, устоди донишгоҳ, тарҷумон ва мунтақиди эронӣ. Аз машҳуртарин сурудаҳои ӯ метавон ба шеъри «Қӯи зебо» ё ҳамон «Марги қу» ишора кард.
Таърихи таваллуд: | 5 май 1914 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1 июл 1986 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, адиб, тарҷумон, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вй аз мунтақидони машҳури навгароӣ ва шеъри нимоӣ буд ва осори худро ҳавли адабиёти килоссик месуруд[1].
Намунаи ашъор
вироиш
- Марги қӯ
Шунидам, ки чун қӯи зебо бимирад,
Фиребанда зоду фиребо бимирад.
Шаби марг танҳо нишинад, ки мавҷе,
Равад гӯшае дуру танҳо бимирад.
Дар он гӯша чандон ғазал месарояд,
Ки худ дар миёни ғазалҳо бимирад.
Гурӯҳе бар инанд, к-ин мурғи зебо,
Куҷо ошиқӣ кард, онҷо бимирад.
Шаби марг аз бим онҷо шитобад,
Ки аз марг ғофил шавад, то бимирад.
Ман ин нуктагирам, ки бовар накардам,
Надидам, ки қӯе ба саҳро бимирад.
Чу рӯзе аз оғӯши дарё барояд,
Шабе ҳам дар оғӯши дарё бимирад.
Ту дарёи ман будӣ, оғӯш во кун,
Ки мехоҳад ин қӯи танҳо бимирад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ شنیدم که چون قوی زیبا بمیرد …(англ.). روزنامه اطلاعات. 11 ноябри 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)