Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов
Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов - сароянда ва тарғибгари «Шашмақом». Санъати овозхонию сознавозиро аз Маъруфхоҷа Баҳодуров, Иброҳимҷон Расулов омӯхта, бештар ба иҷрои шохаҳои мақомҳо кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти ҳунариашро дар дастаи «Торҳои заррин» (ш. Хуҷанд) оғоз намудааст. Хатмкардаи Институти омӯзгории Хуҷанд (1984-1989) буда, устоди факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз соли 1995-то имрӯз), сарвари дастаи ҳунарии ҷамъияти саҳомии ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Ғафуров (аз соли 1995 то имрӯз).
Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов | |
Таърихи таваллуд | 1949 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов дар иҷрои қисм, шохаҳои овозии мақомҳо, сурудҳои классики «Баёти 1, 2, 3, 4», «Баёт», «Сегоҳ», «Чоргоҳ 1, 2, 3», «Гиря», «Мискин», «Даромади Ушшоқ», «Гулёри Содирхон», «Талқини Содирхон», «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон», «Каримқулбегии Содирхон», «Ироқи Бухоро», «Чапандози Ироқи Бухоро», «Уфари Ироқи Бухоро», «Қашқарчаи Рок», «Уфари Рок», «Нимчӯпонӣ», «Савти Муноҷот» ва ғ. маҳорати хуб ва сабки хоси иҷроӣ ба харҷ додаст. Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов дар ҳайати дастаҳои ҳунарии Хуҷанд ба кишварҳои Булғория, Руминия, Ҳабашистон, Корея ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ карда, барандаи нишони тилоии ВЦПС (барои маҳорати баланди иҷроӣ) аст.[1]
Адабиёт
вироиш- Таджикская музыка, Душ., 2003;
- Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар асри ХХ, Хуҷанд, 2006.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 38 ISBN 978-99947-49-13-3