Маҳмадалӣ Сафаров (Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич; 5 майи 1952, деҳаи Найзирак, ноҳияи Орҷоникидзеобод) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1994), дотсент.

Маҳмадалӣ Сафаров
Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич
Таърихи таваллуд 5 май 1952(1952-05-05) (72 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи такмили ихтисоси муаллимони ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1969—1974 дар факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1975—1980 лаборанти калони кафедраи методикаи таълими физика, 1980—1984 аспирант, 1984—1988 ассистент, 1988—1994 муаллими калон ва дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Оид ба хосиятҳои ҳароратии эфирҳои сода ва маҳлули обии гидразин вобаста ба ҳарорат ва фишор кори илмӣ бурда, зиёда аз 160 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ нашр намудааст. Инчунин ҳаммуаллифи се ихтироот мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1992) сарфароз карда шудааст.

  • Асосҳои физикаи гармо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992.

Пайвандҳо

вироиш