Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (20 январ 1875, Самарқанд1919[1], Қаршӣ) — адиб, рӯзноманигор, ношир, сиёсатмадор, маорифпарвар, яке аз роҳбарони ҷадидҳои Осиёи Миёна, ва аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёту драматургияи узбек ва адабиёти тоҷик.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ
Таърихи таваллуд: 1875(1875)
Зодгоҳ: вилояти Самарқанд
Таърихи даргузашт: 1919(1919)
Маҳалли даргузашт: Қаршивилояти Самарқанд
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, сиёсатмадор
Забони осор: забони форсӣ
Ҷоизаҳо:
ордени «Барои хизматҳои барҷаста»

Зиндагинома

вироиш

Беҳбудӣ Маҳмудхоҷа соли 1875, д. Бахшитеппаи н. Тайлоқи вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Мадрасаро хатм кардааст, касбаш аввал муфтӣ буд. Ба Миср, Туркия (1900—1914) ва Қазону Уфа (1903—1904) сафар кардааст. Барои Мактабҳои усули ҷадид китобҳои дарсӣ ва дастурҳои «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия» ва намоишномаи «Падаркуш»-ро таълиф намудааст, ки он соли 1913 нашр шуд ва моҳи январи с.1914 онро ҳаваскорони театри шаҳри Самарқанд ба саҳна гузоштанд. Мураттиб ва ношири асари «Туркистон, Бухоро ва Хива харитаси» («Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хива»), муҳаррир ва ношири рӯзномаи «Самарқанд» (1913—1914) ва маҷаллаи «Оина» (1914—1915). Барои нашри китоб ва дастурҳои дарсӣ дар шаҳри Самарқанд «Нашриёти Беҳбудӣ»-ро таъсис додааст. Ҳамчунин дар шаҳри Самарқанд барои аҳолии маҳаллӣ нахустин китобхона ва қироатхона кушодааст. Ба қавли Саидризо Ализода, «ин мутафаккири ягона ва файласуфи фарзонаро душманони маданият ва ваҳшиёни шаҳид намуда, риши муборакашро ба хуни покаш рангин сохтанд». Гимназияи № 1 шаҳри Хуҷанд ба номаш гузошта шудааст. То соли 1936 ш. Қаршии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи ӯ буд.[2]

Сарчашма

вироиш