Маҳмуд Абдуллоев
Маҳмуд Холович Абдуллоев – олим, муаррих, доктори илми таърих (2012), профессор (2013), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013).
Маҳмуд Холович Абдуллоев | |
| |
Таърихи таваллуд | 1 октябр 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Деҳидарозак, ноҳияи Шӯрообод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМаҳмуд Холович Абдуллоев (01.10.1948, деҳаи Деҳидарозаки н. Шӯрообод), доктори илми таърих (2012), профессор (2013), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013). Соли 1970 факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро ба итмом расонда, муддате дар мактаби миёнаи зодгоҳ муаллимӣ кардааст. Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1971-1972) дар ДДК ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият пардохт ва беш аз чил сол дар тарбияи донишҷӯён ҳисса гузошт, вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи КПСС (1974-1994), муовини декани факултаи таъриху филологияи тоҷик (1994-2002), мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих (2008-2009), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқро адо кардааст. Аз соли 2013 профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ҳамин Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишТадқиқоташ ба таърихи маорифи халқи тоҷик дар садаи XX, хоса рушду равнақи он дар солҳои 60-80-уми қарни гузашта марбут аст. Сари ин мавзӯъ беш аз 40 таълифот ба табъ расондааст.
Осор
вироиш- Аз таърихи мухтасари мактабҳои шӯравӣ дар Кӯлоб. – Д., 2007;
- Из истории советской школы в Таджикистане (1959-1970 гг.). – Д., 2010;
- Мақоми маориф дар Ҷумњурии Тоҷикистони соҳибистиқлол. – Д., 2011 (њаммуалиф);
- Народное образование республики Таджикистан в 60-80 годы ХХ века. – Д., 2012;
- Народное образование Таджикистана в 60-80 годы ХХ века (История и проблемы развития): Автореф. доктора истор. наук. – Д., 2012;
- Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ. – Д., 2013;
- Маорифи халқи Тоҷикистон: таърих ва воқеият (солњои 60-80-уми асри ХХ). – Д., 2014. ва диг.
Манобеъ
вироиш- Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Суҷонӣ. – Душанбе, 2016. – 728 с.