Маҳмуд Назарович Нурназаров (ба форсӣ: محمود نورنظراف‎ , ба англ.  Mahmud Nurnazarov; 23 декабр, 1942, деҳаи Эҷ, ноҳияи Фориш, вилояти Дизак, Ӯзбекистон — 26 ноябр, 2006, деҳаи Эҷ, ноҳияи Нурато, вилояти Навоӣ, Ӯзбекистон) — яке аз ҷуғрофидонҳо ва иқтисоддонҳои варзидаи Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, шоир, мардумшинос.

Маҳмуд Нурназаров
Маҳмуд Назарович Нурназаров
Таърихи таваллуд: 23 декабр 1942(1942-12-23)
Зодгоҳ: ноҳияи Фориш, вилояти Дизак, Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт: 26 ноябр 2006(2006-11-26) (63 сол)
Маҳалли даргузашт: вилояти Навоӣ Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ:  Ӯзбекистон
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: русӣ, тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Маҳмуд Назарович Нурназаров (Маҳмуди Форишӣ) 23 декабри соли 1942 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд (ҳоло деҳаи Эҷ дар хоки ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ воқеъ аст) ба дунё омадааст. Падари ӯ Нурназар ибни Абдуназар дар мадрасаҳои Хоҷа Порсо ва Мири Араби Бухоро таҳсил гирифта буд ва дар саросари хиттае аз кӯҳистони Нурато то Ғиждувону Бухорою Самарқанд бо исми мустаори Бобои Мулло шуҳрат дошт. Модараш Тоҷигул зани бесавод, вале аз ҷумлаи гӯяндагони таронаю сурудҳои халқӣ буд.
Овони кӯдакию наврасии Маҳмуд Нурназаров дар зодгоҳаш мегузарад. Ӯ синфи ҳафтумро дар мактаби деҳаи Эҷ ва синфи даҳумро дар мактаби миёнаи деҳаи ҳамсоя – Синтаб хатм карда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Ҳамон сол донишҷӯйи факултаи табиатшиносию ҷуғрофиёи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мегардад.
Маҳмуд Нурназаров донишкадаро бомуваффақият ба поён расонда, чанд сол дар ҳамон ҷо устодӣ мекунад. Сипас, аз соли 1968 то соли 1971 дар Донишкадаи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон давраи аспирантураро фаро гирифта, номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад. Аз соли 1975 ба Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллии) Тоҷикистон ба кор мегузарад ва аз фанҳои иқтисодиёту ҷуғрофиё дарс медиҳад. Дар соли 1990 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) рисолаи доктории худро роҷеъ ба вижагиҳои ташаккул ва пешрафти саноати кишоварзии Тоҷикистон дифоъ мекунад. Солҳои 1975-1996 устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Бо тақозои замон, дар соли 1996 аз Душанбе ба шаҳри Гулистони Ӯзбекистон нақли макон карда, фаъолияти худро дар Донишгоҳи омӯзгории Гулистон (1996-2006) идома медиҳад.
Маҳмуд Нурназаров ҳамроҳ бо ҳамсари азизи худ – Амонгул панҷ духтару як писарро бузург карда, дар ниҳояти серию пурӣ ва бо маънавияти воло ба камол мерасонад. Ӯ 26 ноябри соли 2006 ба иллати дарди по ва сусту заиф шудани камар дар синни шасту чор солагӣ олами равшанро тарк мекунад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Агарчи Маҳмуд Нурназаров нахустин доктори илм аз деҳаи Эҷ аст, барои садҳо нафар мутахассису корманди соҳаи хоҷагии халқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҳаққи устодӣ дорад. Маҳмуд Нурназаров ба унвони донишманди соҳаи иқтисодиёту ҷуғрофиё ва ҳамчун нахустин доктори илми иқтисодӣ на танҳо мояи ифтихори деҳаи Эҷ, ҳамчунин шуҳратбардори тамоми кӯҳпояи Нуратост. Ӯ бештар ҳамчун олими риштаи иқтисодиёт ва ҷуғрофидон бо номи Маҳмуд Нурназаров маъруфият дорад. Ӯ зиёда аз 150 мақолаю рисолаи илмӣ ва даҳҳо китоби дарсию дастурӣ таълиф намудааст. Муаллифи китобҳои дарсии фанҳои ҷуғрофиё ва иқтисодиёт барои макотиби таҳсили ҳамагонӣ ва донишкадаҳои олӣ аст.

  • Территориальная организация агропромышленного комплекса / М. Нурназаров. - Душанбе : Ирфон, 1990. - 128 с.; 20 см.; ISBN 5-667-00227-2 : 40 к. Тадж. Агропромышленный комплекс - ТаджССР NL 4 91-2/445.
  • Солнечные ступеньки : [Худож. очерки. Для сред. и ст. шк. возраста] / Нурназаров М. Н. - Душанбе : Маориф, 1983. - 64 с. : ил.; 21 см.
Тадж. Коммунистическое строительство - ТаджССР NL Тадж 26/110.
  • Развитие и размещение промышленности Северного Таджикистана [Текст] / Под ред. канд. экон. наук У. Х. Клецельмана ; АН ТаджССР. Ин-т экономики. - Душанбе : Дониш, 1974. - 109 с.; 21 см.
FB Б 74-5/608 FB Б 74-5/609 FB Арх.
  • Ҷуғрофияи Тоҷикистон : [текст] : китоби дарсӣ барои синфи 8 / М. Нурназаров, Ҳ. Муҳаббатов, М. Раҳимов. - Самара : Корпорация "Федоров", 2000. - 160 с. : ил.; 22 см.; ISBN 5-88833-080-9 География Таджикистана: уч. для 8 кл. сред. шк. Таджикистан—Географическая характеристика—Учебник для средней общеобразовательной школы.
  • География: Для поступающих в вузы / М. Нурназаров, Х. Мухаббатов
219 с. ил. 20 см 2-е изд., доп. Душанбе Маориф 1991.

Фаъолияти адабӣ

вироиш

Маҳмуд Нурназаров ҳанӯз дар солҳои дарсхонӣ дар мактаби миёна ба адабиёт, ба хусус, ба шеър шавқу алоқаи беандоза дошт. Ӯ пас аз муқими шаҳри Гулистон шудан (1996), гузашта аз фаъолияти омӯзгорӣ дар донишгоҳ ва корҳои илмӣ, ба ҷамъоварии эҷодиёти даҳанакии халқ ва шеъру шоирӣ машғул мешавад ва хешро бо номи мустаори «Маҳмуди Форишӣ» муаррифӣ мекунад. Ӯ дар ин давраи ҳаёти худ китобҳои зеринро ба хонандагон тақдим намудааст:
- «Тоҷикони Фориш» - китоби таърихию этнографӣ дар бораи табиат, мавқеи ҷуғрофиёӣ ва олами набототу ҷонварони кӯҳистони Нурато, таърихи гузашта ва имрӯзаи тоҷикони Фориш (муаллиф тоҷикони кӯҳпояи Нураторо тоҷикони Фориш меномад), қишрҳои ҷомеа, авлоду аҷдод, гӯйиши мардумӣ, эҷодиёти шифоҳии деҳоти тоҷикнишини Фориш ва дигар падидаҳои ҳунарию фарҳангӣ (Гулистон, 2000);
- «Рози ниҳон» - маҷмӯаи шеърҳо (Гулистон, “Зиё”, 2000);
- «Мавҷи дил» - маҷмӯаи шеърҳо (Гулистон, “Зиё”, 2006).

Адабиёт

вироиш
  • Қӯзиев, Д. Нуротанинг асл фарзанди: мақола ба забони ӯзбекӣ //«Дӯстлик байроғи». 24.05.2013.

Пайвандҳо

вироиш