Маҳсо Аминӣ (форсӣ: مهسا امینی‎, ҳамчунин маъруф ба Жино Аминӣ, форсӣ: ژینا امینی‎; Сақиз, Устони Курдистон) — духтари 22-солаи эронӣ буд, ки рӯзи 16-уми сентябри соли 2022, чанде пас аз боздошташ, аз ҷониби Гашти иршод (Полиси ахлоқ) дар Теҳрон бар асари захмҳо ба кома афтод.[8] Ӯ дар бемористоне дар Теҳрон ба далели вазнинии захмҳои бар асари зарбаҳои афсарони посбонии раҳнамоии Ҷумҳурии Исломӣ даргузашт.[9]

Маҳсо Аминӣ
суронӣ ژینا ئەمینی
форсӣ: مهسا امینی
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд форсӣ: مهسا امینی[6]
Таърихи таваллуд 21 сентябр 1999(1999-09-21)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 сентябр 2022(2022-09-16)[3][4] (22 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хабари қатли Маҳсо Аминӣ бар сари ҳиҷоби маҷбурӣ ҷомеаи Эрон ва фазои маҷозии форсизабононро такон дод ва мавҷи аз хашмро барангехт.[10]