Қурбонов Маҷид Абдулҳамидович (тав. 15.12.1963, деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2000).

Маҷид Қурбонов
Маҷид Абдулҳамидович Қурбонов
Таърихи таваллуд 15 декабр 1963(1963-12-15) (60 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1980–1982 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №2 шаҳри Душанбе таҳсил намуда, солҳои 1982–1984 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1985–1990 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил дошт. Солҳои 1990–1992 муаллими техникуми саноатию омӯзгории шаҳри Душанбе, 1992– 1995 аспирант, 1995–2000 лаборанти кафедраи адабиёти тоҷик ва ҳамзамон муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия, 2001–2005 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2006 то ба имрӯз иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмию методӣ аст. Оид ба робитаҳои адабии адибони машриқзамину мағрибзамин ва баррасии назми муосири тоҷику форс кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз шудааст.

  • Назаре ба маҷмӯаи «Ишқи як зан»-и З. Атоӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №2, Д., 2000;
  • То чанд ту ганҷи бостон меҷӯӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №4, Д., 2007.

Пайвандҳо

вироиш