Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ

(Тағйири масир аз Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ)

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ — арзиши бозории мол ва хидматҳое мебошад, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хидматҳое ташкил медиҳанд, ки дар муҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд.

Номинали (арзиши номи коғазҳои қиматноқ, пул, танга ва ғайра) ММД сари ҳар як нафари аҳолӣ бо ҳисоби доллари ИМА (дар соли 2008)

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ва усулҳои ҳисобкунии он вироиш

Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман, натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.

Дар назарияи иқтисод вобаста ба нарх ва шуғл, ки омилҳои асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд. Вобаста ба нарх МММ-и номиналӣ ва ҳақиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. МММ-и номиналӣ арзиши бозории молу хидматҳо бо нархҳои соли ҷорӣ мебошад. МММ-и ҳақиқӣ арзиши бозории молу хидматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад. Муносибати байни МММ-и номиналӣ ва МММ-и ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон медиҳад, ки онро дефлятори МММ меноманд, яъне:

ДМММ=(МММ-и номиналӣ
___________________________х100%

МММ-и ҳақиқӣ)

Вобаста ба вазъи шуғл МММ-и имконпазир ва МММ-и воқеиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. МММ-и имконпазир гуфта, ҳаҷми истеҳсоли молу хидматҳоро, ҳангоми ҷой доштани шуғли пурра меноманд. МММ-и воқеӣ ҳаҷми истеҳсоли молу хидматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бо усулҳои зерин ҳисоб карда мешавад:
аз рӯи хароҷотҳо;
аз рӯи даромадҳо;
мувофиқи арзиши иловашуда.

Мувофиқи усули хароҷотҳо МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
MMM=C+Jg+G+N Чӣ тавре ки аз ин формула бармеояд, таркиби МММ аз рӯи хароҷотҳо аз қисмҳои зерин иборат аст: хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С), маблағгузориҳои умумӣ (Jg), хароҷотҳои давлатӣ (G) ва содироти соф (Nx).
Ба хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С) хароҷотҳо оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввала (хӯрокворӣ, пӯшока ва ғайра), молҳои истифодаашон дурудароз ва хидматҳо дохил карда мешаванд.
Ба маблағгузориҳои умумӣ (Jg) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои сохтмон, харидани таҷҳизот, қоғазҳои қиматнок сарф карда шудаанд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ маблағгузориҳои умумӣ 16-19 фоизи МММ-ро ташкил медиҳанд.
Ба хароҷотҳои давлатӣ (G) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои таъмини фаъолияти органҳои гуногуни давлатӣ сарф мешаванд. Масалан: хароҷотҳо барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра. Пардохтҳои трансферта (субсидияҳо, ёрдампулиҳо ва ғайра) ба хароҷотҳои давлатӣ дохил карда намешаванд.
Ба содироти соф (Nx) фарқияти байни содирот ва воридот (Nx=Ex-Im) дохил мешавад. Агар ин фарқият мусбӣ бошад, пас, ҳаҷми МММ зиёд ва баръакс, дар сурати манфӣ будани ин фарқият ҳаҷми МММ кам мешавад.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз рӯи формулаи зерин сурат мегирад:

МММ = даромад аз меҳнат (музди кор) + даромад аз моликият + фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + рента + фоизи қарз + андозҳои ғайримустақим + истеҳлок (амортизатсия) + дивиденд.
Даромад аз меҳнат шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, ки дар шакли музди кор зоҳир гашта, онро фирмаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба коргаронашон ҳамчун нархи қувваи корӣ медиҳанд. Инчунин ба музди кор мукофотпулиҳо низ дохил карда мешаванд.
Даромад аз моликият даромади соҳаи (сектори) хусусӣ аз сармоя мебошад. Фоидаи ширкатҳо ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивиденд ва фоидаи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузорӣ истифода карда мешавад.
Рента фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол, хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора додани заминашон маблағи муайян мегиранд. Ин маблағҳоро соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад.
Фоизи қарз даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки онро бар ивази истифодаи сармояашон соҳиб шудаанд.
Андозҳои ғайримустақим андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хидматҳояшон пардохт мекунанд.
Дивиденд даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисмати асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.
Истеҳлок маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.
Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашударо усули истеҳсолӣ низ меноманд. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, бинобар ҳамин ҳангоми ҳисоби МММ ҳисоби дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳисоби дубора МММ-ро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Ин усули ҳисоби МММ тақозо менамояд, ки тамоми молу хидматҳои дар як сол истеҳсолшуда танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта шаванд. Яъне ҳангоми ҳисобгирӣ маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, маҳсулоти фосилавӣ, ки якчанд маротиба метавонад хариду фурӯш шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Маҳсулоти ниҳоӣ ин молу хидматҳое мебошанд, ки барои истеъмоли ниҳоӣ харидорӣ мешаванд. Маҳсулоти фосилавӣ ин молу хидматҳое мебошанд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ якчанд маротиба мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд.
мафҳуми арзиши иловашуда фарқи байни арзиши маҳсулоти «истеҳсолшуда» ва хароҷотест, ки фирма барои хариду ашёи хом (маҳсулоти фосилавӣ) пардохт намудааст.
Масъалаҳои асосии ҳисоб намудани МММ инҳо мебошанд:

  1. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти миллӣ як қисми воситаҳои истеҳсолот хӯрда мешаванд, бинобар ҳамин МММ ҳаҷми ҳақиқии натиҷаи иқтидори истеҳсолиро нишон намедиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат ба ҷои МММ нишондиҳандаи дигар - маҷмӯи маҳсулоти миллии холисро (МММХ) истифода мебаранд.

МММХ - ин маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бе дарназардошти маблағи истеҳлок (амортизатсия) мебошад, яъне: МММХ = МММ-А

  1. Ҳаҷми МММ беҳтаршавии сифати молу хидматҳоро инъикос намекунад.
  2. Ба МММ зарари экологӣ ва даромади иқтисоди сиёҳ дохил карда намешавад.
  3. Новобаста аз он ки пардохтҳои трансфертӣ аз буҷаи давлат сарф мешаванд, онҳо бинобар сабаби ба ҳаҷми истеҳсолот таъсир накарданашон ба МММ дохил намешаванд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва дигар нишон-диҳандаҳои тараққиёти иқтисоди миллӣ вироиш

Дар назарияи иқтиеод ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар баробари МММ нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромади миллиро (ДМ) низ ба сифати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мебаранд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) арзиши тамоми молу хидматҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар истеҳсол карда шудаанд.
Сабабҳои асосии фарқияти байни нишондиҳандаи МММ аз ММД инҳо мебошанд:
МММ натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар вуҷуд дорад инъикос мекунад, аммо натиҷаи фаъолияти сармояи хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда ба МММ дохил карда намешавад.
ММД натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар амал мекунад, инъикос накарда, баръакси МММ, натиҷаи фаъолияти сармояи беруниро дар дохили кишвар инъикос мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки як қисмати МММ-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи миллӣ дар хориҷа ба вуҷуд овардааст ва як қисми ММД-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи хориҷӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардааст. Бинобар ҳамин, агар МММ аз ММД зиёд шавад, пас, ин маънои онро дорад, ки соҳибкорони дохилӣ дар беруни кишвар нисбат ба соҳибкорони хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда, бештар молу хидматҳо истеҳсол намудаанд.
Нишондиҳандаи дигари макроиқтисодӣ даромади миллӣ мебошад. Даромади миллӣ (ДМ) маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои истеҳсолотро меноманд. Дар назарияи иқтисод барои андоза намудани даромади миллӣ аз консепсияи марксистӣ ва консепсияи неоклассикӣ истифода мекунанд.
Мувофиқи консепсияи марксиста даромади миллӣ гуфта арзиши нав бавуҷудовардашударо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат Маркс барои ҳисоб намудани даромади миллӣ формулаи зеринро пешниҳод кардааст:
ДМ = V+m
Яъне, сармояи гардон (музди кори коргарон) + арзиши илова.
Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣ ин арзиши бозории мол ва хидматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағи истеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат барои ҳисоб намудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод намудаанд:
ДМ = МММХ-АГ
дар ин чо: ДМ - даромади миллӣ, МММХ - маҷмӯи маҳсулоти миллии холис, Ai - андозҳои ғайримустақим.
Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда.
Даромади миллии истеҳсолшуда ҳаҷми арзиши молу хидматҳои нав бавуҷудовардашуда мебошад. Даромади миллии истифодашуда даромади миллии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад.
Ҳар гуна даромади миллӣ ба фонди истеъмол (яъне қисми ДМ, ки барои таъмини талаботи аҳолию давлат сарф мешавад) ва фонди андӯхт (яъне қисми ДМ, ки барои васеъ кардани истеҳсолот сарф мешавад) таксим карда мешавад.
Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хидматҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли мебошад. Дар бахши макроиқтисодӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даромади шахсӣ ва даромади дарихтиёрбуда истифода мебаранд.
Даромади шахсӣ (ДШ) суммаи ҳамаи даромадҳо аст, ки то супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣ мондааст. Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳою пардохтҳои трансферта дохил мешаванд ва он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат даромади шахсӣ (ДШ) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ДШ = ДМ – ҳиссаҷудокунӣ ба фонди суғурта - андоз аз фоидаи ширкатҳо - фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + пардохтҳои трансфертӣ
Даромади дарихтиёрбуда (ДД) даромадест, ки баъд аз супоридани андоз аз даромад дар ихтиёри шахсони алоҳида ва ё оилаҳо боқӣ мондааст, ки барои муайян кардани он формулаи зеринро истифода кардан мумкин аст:
ДД = ДШ - Андоз аз даромад
Даромади дарихтиёрбуда ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ ҳангоми таҳлили некӯаҳволии халқ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода карда мешавад.

Нигаред вироиш

Сарчашма вироиш