Медал (фр. medaille, лот. metallum — тангаи металлӣ) — мукофоти давлатӣ, нишони доирашакли металлӣ, ки расму хатти дутарафа дорад ва одатан барои хидмати шоёни ҷангь ва шуҷоати меҳнатӣ дода мешавад. Қонуни ҶТ «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисгон» аз 31 июли с.2001 медалҳои «Барои ҷасорат», «Хидмати шоиста», «Шафқат», «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» -ро пешбинӣ кардааст.

Масалан, бо медали «Хидмати шоиста» шаҳрвандони ҶТ барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, барои комёбиҳо дар хидмати давлатӣ, ҳарбӣ ва дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешаванд. Медали «Хидмати шоиста» бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 289