Мервин Леонард Голдбергер

Мервин Леонард Голдбергер (англ. Marvin Leonard Goldberger; 22 октябр 1922[1], Чикаго, Иллинойс26 ноябр 2014 ё 24 ноябр 2014[2], La Jolla[d], Калифорния) — физикдони назарии амрикоӣ; узви АИ миллии ИМА (1963).

Мервин Леонард Голдбергер
Таърихи таваллуд 22 октябр 1922(1922-10-22)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 ноябр 2014(2014-11-26) (92 сол) ё 24 ноябр 2014(2014-11-24)[2] (92 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики назарӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Энрику Фермӣ
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти технологии Карнеги (1943). Солҳои 1950—1957 дар Донишгоҳи Чикаго кор кардааст (аз 1955 проф). Аз 1957 профессор Донишгоҳи Принстон. Дар соҳаи физикаи ҳаста, назарияи бархӯрдҳо, назарияи квантии майдон, назарияи зарраҳои бунёдӣ, физикаи энергияҳои баланд таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1948 назарияи таъсири мутақобилаи нейтронҳоро бо энергияи ~100 МэВ бо ҳастаҳои вазнин инкишоф додааст; дар ҳамкорӣ бо М. Гелл-Ман яке аз таърифҳои назарияи пароканиши расмиро пешниҳод кардааст (1953), бо Гелл-Ман ва В. Трининг (1954) усули таносубҳои дисперсиявиро дар назарияи квантии майдон таҳия, пароканиши мезонҳоро дар нуклонҳо дар ҳудуди энергияи хурд, теоремаи умумиро барои равандҳои мезонӣ бо тағйироти куллии импулсҳо таҳқиқ намудааст; соли 1957 Мервин Леонард Голдбергер таносуби, ба истилоҳ, симметрияи чилликӣ ё «кроссинг-симметрия»-ро ворид кард. Дорандаи ҷоизаи ба номи Д. Хейнеман (1962).

  1. 1.0 1.1 SNAC (ингл.) — 2010.
  2. 2.0 2.1 Library of Congress Authorities (ингл.)Library of Congress.

Сарчашма

вироиш