Меҳбонг
Меҳбонг[1] (англ. Big Bang), таркиши бузург — модели космологии мақбули умум гардида, ки инкишофёбии ибтидоии Даҳр-ро[2] тавсиф медиҳад, хусусан — оғози васеъшавии Даҳр, ки то васеъшавӣ дар ҳолати сингулярӣ қарор ёфта буд.
Таркиши бузург аз мафҳумҳои асосии косамологияи релятивист, ки сароғози таҳаввули материяи кайҳониро ифода мекунад; дар ибтидои солҳои 30 ҳамроҳа ба баррасии ҷиҳати космогонии модели релятивистии Коинот ташакул ёфтааст (Ж. Леметр, солҳои 1027—31). Бино ба амсилаи космогонии Леметр, Коинот аз се зинаи таҳаввул гузаштааст. Аввал материяи кайҳонӣ, ки аз азал дар як ҳолати аз ҳад зич ва мувозинати динамикӣ буд (Коиноти дар ин ҳолати фавқуллодаи физикӣ бударо Леметр образнок карда «тухми кайҳонӣ» ном додааст), бо сабаби номаълуми физикӣ ба ҷунбиш омада сахт метаркад ва бо суръати бузург ба чор тараф пош мехӯрад. Сонӣ суръати ҳаракати пораҳои он «тухми кайҳонӣ» суст ва ҳарораташон паст шуда барои ташаккули ҷирмҳои фалакӣ шароити мусоиди физикию ХИМИЯВӢ фаро мерасад; моддаи парокандаи кайҳонӣ аз таъсири қувваи ҷозиба ҷо-ҷо ғун шуда охиран ба галактикаҳо ва тарокумҳои онҳо табдил меёбад. Ннҳоят, вазъияте ба вуҷуд меояд, ки алҳол мушоҳида мешавад: галактикаҳо ва системаҳои онҳо бо шаст аз ҳам дур мешаванд, ки аз он «лағзиши сурх» ном падидан астрономӣ дарак медиҳад.
Дар арзи панҷоҳ соли охир нақшаи космогонии Леметр аз чанд ҷиҳат мавриди ислоҳу инкишоф қарор гирифт ва низ бо ҷузъиёти навифизикию астрошомӣ рангинтар шуд.
Аз рӯи пешбишии назарияи нисбияти Эйнштейн, қабл аз таркиш модда дар ғояти зичӣ (берун аз ҳама гуна меъёру андозаи физикӣ) буд. Лекин дар физика ҳар як бузурие, ки қимати ададиаш аз ҳад гузашт, яъне ба беинтиҳоӣ расид, аз маъниву мазмуни физикӣ низ холӣ мешавад (математикаро, баръакс, илми беинтиҳоӣ хондан мумкин аст). Аз ин ҷиҳат физикони муосир ҳамаҷиҳата мекӯшанд, ки ба сиришти физикии он ҳолати фавқулзичи материяи кайҳошӣ сарфаҳм бираванд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Меҳбонг чист? Маънои меҳбонг(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 18 марти 2020 санҷида шуд.
- ↑ Wollack, Edward J. Cosmology: The Study of the Universe. Universe 101: Big Bang Theory. NASA (10 December 2010). 27 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2012.
Адабиёт
вироиш- Катаева, Тина. Рождение Вселенной // В мире науки. — 2005. — № 7 (июль). — ISSN 0208-0621.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.