Меҳнатии Ҳисорӣ (форсӣ: محنتی حصاری‎), мутахаллис ба Муҳаббатӣ (форсӣ: محبتی‎; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Меҳнатии Ҳисорӣ

Зиндагинома вироиш

Дар Ҳисор ба камол расида, бо тахаллуси «Муҳаббатӣ» шеър мегуфтааст. Баъдтар ба Ҳиндустон сафар карда ба дарбори Акбар роҳ ёфт. Акбар ба шоир тахаллуси «Меҳнатӣ»-ро дода, ӯро қозии шаҳри Сарҳинд таъйин намуд. Меҳнатии Ҳисорӣ дар ҳамин шаҳр вафот кардааст. Ӯ шоири ғазалсаро буд. Девонаш ба даст наомадааст. Дар тазкираву маъхазҳои адабӣ байту порчаҳои ҷудогонаи Меҳнатии Ҳисорӣ ба назар мерасанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Меҳнатии Ҳисорӣ / А. Ҳабибов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).