Меҳрдод Баҳор
БАҲÓР (порсӣ:بهار) Меҳрдод (1930, Теҳрон – 13.11.1994, ҳамон ҷо), адабиётшинос, забоншинос, тамаддуншиноси эронӣ.
مهرداد بهار | |
Таърихи таваллуд | 1929 |
Зодгоҳ | Теҳрон |
Таърихи даргузашт | 13 ноябр 1994 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | адабиётшинос,забоншинос,тамаддуншиноси эронӣ |
Ҷойҳои кор |
Зиндагинома
вироишПисари Маликушшуаро Баҳор. Хатмкардаи Донишгоҳи Теҳрон (1958). Пас аз хатми Донишгоҳи Теҳрон ба Англия рафта, таҳсилу пажӯҳишро дар Мадрасаи мутолиоти шарқӣ ва африқоии Донишгоҳи Лондон идома дод. Баҳор аз айёми ҷавонӣ чун аксари ҷавонони ватандӯсту озодидӯст ва тарафдорони демократия ба сиёсат рӯй овард, узви Ҳизби Тӯда шуд ва ғояҳои сотсиалистию демократиро ташвиқу тарғиб мекард. Барои иштирокаш дар ҳаракатҳои зидди давлат аз Донишгоҳи Теҳрон ба муддати як сол хориҷ гардид. Ду сол дар маҳбас буд. Ҳангоми таҳсил дар Лондон ба ҳаракатҳои сиёсии ҷавонон – донишҷӯёни эронӣ роҳбарӣ мекард. Дар Лондон, инчунин, узви ҳайати таҳририя ва муддате сармуҳаррири маҷаллаи пажӯҳишӣ буд. Солҳои 60 садаи 20 ба Эрон баргашт, ширкатро дар ҳаракатҳои сиёсӣ қатъ кард, роҳи пешгирифтаи Ҳизби Тӯдаро нодуруст арзёбӣ намуда, аз узвияти он хориҷ гардид. Ба сабаби собиқан ширкат доштанаш дар сиёсат ва ҳаракатҳои зидди давлат ба Баҳор иҷозати тадрис дар донишгоҳ дода намешуд. То даврони бознишастагӣ корманди Бонки марказӣ буд ва чун корманди интиқолӣ дар «Бунёди фарҳанги Эрон», «Фарҳангистони адаб ва ҳунар», «Фарҳангистони забон» фаъолият менамуд.
Осор
вироишБаҳор аз замони таҳсил дар Донишгоҳи Лондон ба пажӯҳиш оғоз карда, дар соҳаҳои гуногуни илм осори ҷолибе офарид. Баҳор пажӯҳишгари варзида дар шинохти асотири эронӣ, таърих ва фарҳанг мебошад. Китобу рисолаҳои «Асотири эронӣ» (1974), «Пажӯҳиш дар асотири Эрон» (1984), «Сухане чанд дар бораи «Шоҳнома» (1994), «Тахти Ҷамшед», (1994; ҳамроҳи Насруллоҳи Касроиён), «Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон» (1995) аз нигоштаҳои Баҳор дар ин самти пажӯҳишанд. Самти дигари пажӯҳиши Баҳор омӯзиши забону адабиёти форсии миёнапаҳлавӣ, тарҷумаи осори паҳлавӣ ва таҳияи вожаномаҳои баъзе осори забони форсии миёна мебошад («Вожаномаи Бундаҳиш», паҳлавӣ-форсӣ, 1967; «Вожаномаи Гузидаҳои Зодиспарам», паҳлавӣ-форсӣ, 1973; «Бундаҳиш», 1369 ва ғайра). Якчанд асари дар заминаи достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барои наврасон навиштаи Баҳор – «Ҷамшедшоҳ» (1968; дар ин асар аз маводди Авесто низ истифода шудаст), «Баставр» (1979), «Рустам ва деви сафед» (1992), «Рустаму Суҳроб» (1995) интишор ёфтаанд. Баҳор дар асотиршиносӣ пайрави ягон мактабе дар ин соҳаи илм набуд. Ӯ танҳо назариёти асотиршиноси маъруф Мирча Элиад (1901–86)-ро нисбат ба диг. ҷомеътар медонист. Б. андеша дошт, ки асотири Эрон дар пайвастагӣ бо асотири кишварҳо ва халқҳои ҳамҷавор ҳам аз Шарқ ва ҳам аз Ғарб омӯхта шаванд. Дар асарҳояш, ӯ инчунин, назариёти худро дар бораи сохти ҷомеаи эронӣ, таърихи Эрон аз замони бостон то имрӯз иброз доштааст. Осори: Бундаҳиш. Д., 2006.
Адабиёт
вироиш.یاد بهار. یا دنامۀ دکتر مهرداد بهار. تهران، ۱۳۴۶ هـ. ش
- М. Диловаров.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.