Меҳринисо Нағзибекова

Меҳринисо Нағзибекова (зод. 24.06.1955, шаҳри Душанбе) — омӯзгор, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (2000), профессор (2007), академики Академияи илмҳои педагогии Федератсияи Россия (2005).

Меҳринисо Нағзибекова
Меҳринисо Нағзибекова
Таърихи таваллуд 24 июн 1955(1955-06-24) (69 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии шаҳри Горкий
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи 2

Зиндагинома

вироиш

Соли 1977 Донишгоҳи давлатии шаҳри Горкийро хатм кардааст. Солҳои 1983—1986 дар аспирантураи донишгоҳи номбурда таҳсил намудааст. Солҳои 1977—1986 муаллими кафедраи забони русӣ, 1986—1989 муаллими калони кафедраи умумидонишкадавии забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1989—1993 ҳамчун дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва славянии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 2000—2002 дотсент, 2002—2007 мудири кафедраи филологияи руси донишгоҳи номбурда кор кардааст. Аз соли 2008 декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 140 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои типологияи муқоисавии забонҳои русию тоҷикӣ ва методикаи таълими забони русиро баррасӣ кардааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) буда, бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2008), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Способы передачи русских глагольно-именных конструкций с объектным значением в таджикском языке, Д., 1999; Проблемы исследования глагольных словосочетаний в русском и таджикском языке, Д., 2002; Способы передачи русских глагольных конструкций с прямым объектом в таджикском языке, Д., 2002; Способы передачи русских глагольных конструкций с косвенным объектом в таджикском языке, Д., 2003; Способы передачи таджикских глагольных конструкций с прямым объектом в русском языке, Д., 2003; Способы передачи таджикских глагольных конструкций с косвенным объектом в русском языке, Д., 2003; Тарҷума ва балоғати сухан, ҷ.1., Д., 2003; Учебное пособие по общей теории перевода, Д., 2003; Луғати тафсирии истилоҳоти тарҷумонӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005; Назарияи тарҷума (Учебное поссобие), Д., 2005; Русский язык. Учебник для 11 класса общеобразовательных школ с таджикским языком обучения (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007; Практикум по русской литературе, Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш