Меҳриниссо Абдуллоева
Меҳриниссо Абдуллоева (тав. 25.11.1976) шаҳри Душанбе — олима, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Меҳриниссо Абдуғаффоровна Абдуллоева | |
Таърихи таваллуд | 25 ноябр 1976 (48 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСоли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон хатм кардааст. Ихтисос филолог, муаллими забонҳои англисӣ ва олмонӣ.
- Солҳои 1998-2002 - муаллимаи кафедраи инкишофи нутқи шифоҳи ва хаттии забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 1998-2002 - аспиранти кафедраи ихтисоси дуввум ва методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2002-2005 - муаллимаи кафедраи ихтисоси дуввум ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ.
- Солҳои 2006-2007 - сармуаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2007-2013 - мудири кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Соли 2013 то 2022 - декани факултети забонҳои хориҷии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Аз моҳи ноябри соли 2022 то ҳол - профессори кафедраи методикаи таълими забони хориҷии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Аз моҳи июли соли 2023 то ноябри соли 2023 - Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна(тоҷ.). www.hgu.tj. 4 Январ 2024 санҷида шуд.