Факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултаи забонҳои хориҷӣ яке аз факултаҳои Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1956.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

вироиш

Моҳи августи соли 1950 25 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисоси «Забони англисӣ» ба факултаи таъриху филология қабул карда мешавандва дар таркиби ин факулта шуъбаи забони хориҷӣ таъсис меёбад.

Дар ин ҷо номи неки поягузорони шуъба, хатмкардагони дигар мактабҳои олии кишвари шуравӣ мисли Морозовская М.Б. (1932), Бунимович В. Е. (1938), Алексеева Н. А. (1940), Панусянс А. С. (1950), Фертел В. А. (1952), Храмова В. М. (1953), Зокиров А. З. (1953), Соловёва А. Н. (1953), Уралсева Г. С. (1953), Сорокина З. Ф. (1953), Михайлов А. М. (1954), Шпринберг Д. М. (1954), Кашеева В. Г. (1954), Сазонова Э. А. (1954), Лукатская Н. М. (1954), Сеславина Т. К. (1954), Окунев В. М. (1956), Коситсина И. Ф. (1958) ва дигаронро қайд кардан бамаврид аст, ки барои гузоштани таҳкурсии факултет ва тарбияи аввалин мутахассисони соҳа саҳми беназир гузоштаанд. Аз соли 1956, ки шуъба ба факултети мустақил табдил ёфт ва ҳайати омӯзгорони он аз ҳисоби хатмкардагони аввалини худи ДДОЛ мисли Бобоев Э.Б. (1955), Михайлова М.Я. (1955), Микутс Н.С. (1955), Батяева И.П. (1955), Артамонова Л.П. (1958), Собиров А. (1958), Раупов М.Р. (1962), Шукина Л.Г. (1962), Ҳасанова В.В. (1963), Тӯрабоева Р.А. (1963), Палагутина Э.К. (1963), Савина В.Ф. (1963), Усмонов К. (1965), Янсен К.Н. (1965), Ҳасанов В.Г. (1966), Қурбонов М.Қ. (1966), Ғайбуллоева М.Ғ. (1967), Фузайлов Қ.Ф. (1967), Эстрина В.А. (1967), Бункова В.А. (1967), Гавшина Г.И. (1967) ва дигарон пурзӯр карда шуд. Дар қатори онҳо дастпарварони дигар мактабҳои олӣ мисли Мелентйева Л.Ю. (1966), Бояҷиев А.С. (1967), Маргарян А.А. (1967), Одинсова С.С. (1967), Орлова И.В. (1969), Раҳимов С.Р. (1972), Бирюков В.А. (1976), Балтина С.П. (1980), Бобохӯҷаева М.А. (1981) кору фаъолият мебурданд. Аз соли 1968 оғоз карда ба факултет асосан кадрҳои маҳаллӣ ба монанди Азимова М.Н. (1968), Шарипов А.Ш. (1969), Юнусова М.М. (1969), Дорофеева Т.З. (1969), Сатторов Т.Қ. (1969), Бойматов А.Б. (1969), Пивоварова Н.П. (1969), Хакимов Х. (1969), Нематуллоева М.Н. (1970), Пӯлотова Т.А. (1971), Масаидова М.А. (1971), Зикриёева М.В. (1974), Тошматова Н.С. (1974), Мулкиҷанян А.Г. (1975), Ҷалолов С.Ҷ. (1975), Сатторова М. (1976), Колос И.Б. (1976), Маъмуров Қ.Б. (1976), Эгамбердиев Ф. (1978), Каримов У.К. (1979), Баротов М.А. (1984), Ғаффорова Ф.А. (1985), Каримова Д.А. (1990), Камолова Б.Б. (1990) ва дигарон ҷалб карда шуданд, ки қисми асосии онҳо то ҳоло дар омода сохтани мутахассисон барои мактабҳои ҷумҳурӣ хизматҳои шоиста карда истодаанд. Пас аз пош хурдани низоми шуравӣ, бо сабабҳои гуногун ба зодгоҳи худ рафтани кадрҳои русзабон дар факултет давраи норасогии кадрҳо ба вуҷуд омад. Бинобар ин аз мактабҳои миёна якчанд муаллимони забонҳои хориҷӣ мисли Мирзомуротова М.Б. (аз с.1992), Очилова М.А. (1993), Қурбонова Н.Х. (1994), Раҷабова М.М. (1995), Умарова С.А. (1995), Ҷӯраева Н. (1995), Мавлонов Н.М. (1996), Раҳматова Р.Т. (1997), Исмоилова Г.Қ. (1997), Ҳошимова М. (1997) ба факултет ба кор даъват карда шуданд.

Барои боз ҳам пурқувват намудани базаи кадрӣ хатмкардагони фаъоли факултет Юсупова М.И. (1995), Юсупова М.А. (1996), Сулаймонова М.А. (1997), Холов С.С. (1997), Абдуллоева М.А. (1998), Саидов М.М. (1998), Мӯминова Р.М. (1998), Файзиева М.Н. (1999), Турсунова Ш.А. (1999), Мӯминова Д.В. (1999), Мирпочоева Н.М. (1999), Иброҳимова Р.А. (1999), Назарова М.К. (1999), Аҳмедова З.Д. (2000), Азимова С.Р. (2002), Сангинова Ш.А. (2003), Гадойбоева У.А. (2005), Усмонова М.Э. (2005), Ҷӯраева М.А. (2007) ва дигарон ба кор мононда шуданд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол дар вазифаҳои гуногун барои рушду нумӯи факултет кор карда истодаанд. Қайд бояд кард, ки дар давоми фаъолияти 63 солаи факултет дар он дар умум зиёда аз 350 нафар устодон ва кормандони техникӣ кору фаъолият бурдаанд. Дар ин муддат сохтори кафедраҳои он бо сабабҳои гуногун 14 маротиба тағйир ёфт ва ба онҳо дар ҳамаи давраҳо устодони ботаҷриба ва забардасти факултет роҳбарӣ кардаанд.

Аз соли 1967 инҷониб факултет 48 нафар номзад ва як нафар доктори илмро тарбия намудааст. Устодони факултет бо донишгоҳҳои хориҷӣ низ робитаи зич дошта, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани савияи касбии хеш дар якчанд конфронсу симпозиумҳо, семинару тренингҳо ба кишварҳои гуногун мисли ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Русия, Эстония, Хитой, Япония ва дигарон сафари корӣ кардаанд.

Дар давоми фаъолияти факултет ба он 11 нафар декан роҳбарӣ кардаанд: Зокиров А.З. (1956-1957), Шпринберг Д.М. (1957-1968; 1969-1971; 1972-1987), Михайлов А.М. (1968-1969), Раупов М.Р. (1971-1972), Бирюков В.А. (1987-1992), Азимова М.Н. (1992-1998), Шарипов А.Ш. (1998), Азимова М.Н. (1998-2003), Ҷалолов С.Ҷ. (2003-2007), Нематуллоева М.Н. (2007-2011), Зикриёева М.В. (2011-2013). Аз моҳи январи соли 2013 инҷониб сарварии факултетро профессор Меҳриниссо Абдуллоева ба ӯҳда дорад.

Факултет дар тӯли фаъолияти худ кадрҳои баландихтисосро аз рӯи ихтисосҳои омӯзгори забони англисӣ, омӯзгори забони олмонӣ, омӯзгори забони англисӣ-олмонӣ, омӯзгори забони олмонӣ-англисӣ, омӯзгори забони англисӣ ва модарӣ, омӯзгори забони англисӣ (олмонӣ) ва педагогика, филолог-омӯзгори забони англисӣ (олмонӣ), омӯзгори забони англисӣ-арабӣ, филолог-омӯзгори забони англисӣ (олмонӣ)-тарҷумон, назария ва амалияи тарҷума (англисӣ), назария ва амалияи тарҷума (олмонӣ) ва инчунин дар зинаи магистратура мутахассисонро аз рӯи ихтисоси забони англисӣ тайёр карда меояд. Аз соли 1954 то имрӯз факултетро қариб 7000 нафар мутахассисон хатм намудаанд. Ҳоло дар факултет зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён дар зинаи бакалавр, магистр ва докторант PhD таҳсил менамоянд, ки ба онҳо зиёда аз 70 нафар омӯзгорони варзида таълиму тарбия медиҳанд.

Дастпарварони факулта

вироиш

Деканҳои факулта

вироиш

Пайвандҳо

вироиш