Меҳробод
Меҳробод (Гумбулоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳробод (пештара Гумбулоқ)-и ноҳияи Файзобод. Ба шарафи 10-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2001 Меҳробод номгузорӣ шудааст. Аз деҳа то маркази ноҳия 12 км. Аҳолиаш 1994 нафар (2010), тоҷикон. Аз 231 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, дорухона, чойхонаи ҷамъиятӣ, хонаи фарҳанг, китобхона, мағозаҳои хусусӣ, дӯконҳои хусусии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, масҷиди ҷомеъ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз каналҳои «50-солагии Тоҷикистон», Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳа | |
Гумбулоқ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Ноҳияи Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳробод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1994 тан (2010) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон, ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3135 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.