Миа Герҳардт (ҳол. Mia Irene Gerhardt; 28 декабри 1918 13 ноябри 1988, Роттердам) — ховаршиноси ҳоландӣ, доктори илмҳои филология.

Миа Герҳардт
ҳол. Mia Gerhardt[1]
Таърихи таваллуд 28 декабр 1918(1918-12-28)[2][1][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 ноябр 1988(1988-11-13)[1][3] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ мутолеъоти қуруни вусто[d][4], comparative literature[d][4], French studies[d][4], фаронсавӣ[4], French literature[d][4] ва French language studies[d][4]
Ҷойҳои кор

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1947-50 дар Донишгоҳи Лейден устоди забонҳои романӣ ва солҳои 1950-58 дар донишгоҳҳои Гронинген ва Австрия кор кард; профессор адабиётшиносии муқоисавии асрҳои миёна дар Донишгоҳи Австрия (1968). Яке аз асарҳои муҳимми ӯ "Маҳорати гӯяндагӣ. Пажӯҳиши адабии «Ҳазору як шаб» ("The art of story-telling. A literary study of the «Thousand and one nights», Leiden, 1963) аст, ки Миа Герҳардт дар боби маҳорати равиши нақли афсонаҳои «Ҳазору як шаб» дар адабиётшиносии муқоисавӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Миа Герҳардт, ки арабиро намедонист, ҳангоми пажӯҳиш далоили хешро бар пояи чанд тарҷумаи аврупоӣ, аз ҷумла тарҷумаи олмонии Енно Литман устувор сохтааст. Ӯ «Ҳазору як шаб»-ро на чун шоҳкори осори адабӣ, балки як асари барҷастаи нақлию ривоятӣ мешумурд. Ҳамзамон, аз як муаллиф будани ин асарро рад карда, андеша иброз медорад, ки «Ҳазору як шаб» дар пайванди сухани гуфторию навишторӣ падид омадааст.

Пажӯҳишгарони муосир натиҷагириҳои Миа Герҳардтро куҳнашуда мешуморанд ва бавижа назарияи ӯро мабнӣ бар сохтори воҳиди матнҳои «Ҳазору як шаб» қабул надоранд. Вале пажӯҳиши Миа Герҳардт роҷеъ ба ин асари адабӣ хеле ҷолиб аст ва бархе аз донишмандони тоҷик низ аз он ҳамчун манбаи илмӣ баҳра бурдаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Герхардт М. Искусство повествования. Литературное исследование «1001 ночи». М., 1984..

Сарчашма

вироиш