Ҳуланд (Подшоҳии Ҳуланд) (ҳуландӣ.. Nederland) — кишваре, ки аз ду қисм иборат аст, яке Урупои Ғарбӣ ва ҷазираҳои Бонайре, Синт-Эстатиус ва Саба дар баҳри Кариб (инчунин Нидерландҳои Кариб ҳам меноманд). Дар Аврупои Ғарбӣ сарзамини Ҳуланд дар соҳили Баҳри Шимолӣ ҷойгир аст (дарозии хати соҳил — 451 км), бо Олмон (577 км) ва Белгия (450 км). Якҷоя бо ҷазираҳои Аруба, Кюрасао ва Синт-Мартен, ки мақоми маъмурии махсус дорад (худидоракунии давлатӣ), Ҳуланд ба Подшоҳии Ҳуланд дохил ҳастанд. (ҳуландӣ.Koninkrijk der Nederlanden). Муомилаи байни воҳидҳои маъмурии подшоҳӣ ба воситаи Маншури Подшоҳии Ҳуланд танзим мешавад, ки он соли 1954 қабул шудааст.

Подшоҳии Ҳуланд
Koninkrijk der Nederlanden
Парчам Нишон
LocationNetherlands.png
Шиор: «Je Maintiendrai»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Подшоҳии Ҳуланд|Wilhelmus van Nassouwe ]]»
Рӯзи истиқлолият
Забонҳои расмӣ
Пойтахт Омстердом
Шаҳри калонтарин
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
16,299,000
нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен .nl (ва .eu)
Коди телефон +31
Соат UTC +1

ТаърихВироиш

Сиёсату ҳукуматВироиш

Бахшбандии кишварӣВироиш

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Нидерланд
Вилоятҳо Масоҳат Аҳолӣ (2004) Пойтахт
Гелдерланд 5,015 1,966,929 Арнем
Гронинген 2,347 574,384 Гронинген
Дренте 2,655 482,415 Ассен
Зеландия 1,796 379,028 Мидделбург
Лимбург 2,169 1139,335 Маастрихт
Оверэйсел 3,340 1105,512 Зволле
Шимоли Брабант 4,949 2406,994 Хертогенбос
Шимоли Ҳолландия 2,667 2587,265 Ҳарлем
Утрехт 1,359 1162,258 Утрехт
Флеволанд 1,412 359,904 Лелистад
Фрисландия 3,357 642,066 Леуварден
Ҷануби Ҳолландия 2,871 3451,942 Ҳаага

ҶуғрофияВироиш

ИқтисодётВироиш

АҳолӣВироиш

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Ҳуланд
 
Аҳолии Ҳуланд (ҳаз. наф.) дар с. 1961—2003

Аҳолии кишвар ба вазъи июли соли 2017 17 084 719 нафарро ташкил медиҳад. Дар феҳристи кишварҳо аз рӯи аҳолӣ Ҳуланд 66-умин ҷоро ишғол менамояд [1]. Ба муқоиса бо дигар кишварҳои Урупо аҳолии ин кишвар дар якуним асри гузашта босуръат афзоиш ёфтааст: 3 миллиюн сокин дар соли 1850, 5 миллиюн — дар с. 1900 ва 16 миллиюн — дар соли 2000. Барои муқоиса: аҳолии Белжик дар ҳамин давра тақрибан ду маротиба афзоиш ёфтааст: аз 4,5 миллион маскун дар соли 1850 то 10 миллион дар соли 2000-ум.

Бо масоҳати 41543 км², тибқи маълумоти соли 2016, Ҳуланд зичии аҳолии 405 нафар дар як килуметри мураббаъро дорад[2]. Бо чунин тарз, Ҳланд 15-умин давлат аз рӯи зичии аҳолист. Аз ҳама зич вилоятҳои зер маскун шудаанд: Ҳол­лан­дияи Шимолӣ, Ҳол­лан­дияи Ҷанубӣ ва Ут­рехт (зичии миёнаи аҳолӣ 1000 наф./км² ва зиёдтар; нишондиҳандаҳои баландтарин дар минтақаҳои сершаҳр – зиёдтар аз 2000 наф./км² нишон дода мешаванд)[3]. Аз ҳамин лиҳоз, Нидерланд яке аз кишварҳои рушдкардаи инфрасохтори нақлиёт ва иттило мебошад. Интернетро 15,778 млн нафар[4] ё 93,1 %-и аҳолии кишвар истифода мебаранд — 34-ум ҷо дар ҷаҳон[5]. Дар Ҳуланд дар солҳои 2002—2003 зиёда аз 10 млн телефони хонагӣ ва 12,5 млн телефони ҳамроҳ ба қайд гирифта шудааст. Дар кишвар беш аз 250 истгоҳи родию ва 21 истгоҳи телевизиюн (ҳамч. 26 фиристанда) кор мекнуанд.

 
Ҷашнгирии Рӯзи шоҳ (2011)

Дар Ҳуланд гурӯҳи бумии аҳолӣ — ҳуландиҳову фризҳо, ва ҳамчунин шумораи зиёди муҳоҷирин зиндагӣ мекунанд. Таркиби қавмӣ: 80,7 % — ҳуландӣ, 2,4 % — олмонӣ, 2,4 % — индунезӣ, 2,2 % — турк, 2 % — суриғам, 2 % — марокашӣ, 1,5 % — ҳиндӣ, 0,8 % — антилианӣ ва арубан, ва 6,0 % — ақвоми дигар. Таркиби аҳолӣ аз рӯи дину боварӣ: 33 % — протестант[6] (ташкилоти калонтарини динии протестанӣ — Калисои протестантии Нидерланд (Protestantse Kerk in Nederland)), 31,27 % — католикҳо, 6 % — мусалмонон[7], 0,6 % — ҳиндуиҳо, 0,5 % — буддоиён[8], 2,2 % намояндагони дигар динҳо. Аҳолии Ҳуланд қаддбаландтарин дар олам аст: қадди миёнаи мардон — 182,5 см, занон — 168,7 см[9].

Ба ҳисоби 1 октябри соли 2020 муҳоҷирин ва наслҳояшон 4,3 миллион нафар, ё 24,5 %-и аҳолии кишварро ташкил карданд[10].

Миқдори одамони босавод аз синни 15 то 65 ба вазъи соли 2011 10 994 000 нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҳуланд таҳсилоти ройгони ҳатмӣ барои кӯдакону наврасон то синни 16 аст. Дар мактаби ибтидоӣ кӯдакони аз синни 5-сола (бо хоҳиши волидон аз синни 4) то 12 сола таҳсил мекунанд. Он бо гуногунии зиёди барномаҳои мактабӣ ва фанҳо фарқ мекунад. Дар мактаби миёна, ки барои кӯдакони 12 то шонздаҳсола ҳатмист, раванди дарсӣ на онқадар гуногуният дорад. Маълумоти олиро метавон дар коллеҷ (hogescholen), донишгоҳ ё Донишгоҳи кушода (таҳсили фосилавӣ ё шабона) ба даст овард. Дар кишвар 14 донишгоҳ[3] (куҳантарин донишгоҳ дар Нидерланд — Лейден аст, ки ҳанӯз дар соли 1575 таъсис ёфтааст) ва Донишгоҳи кушода барои калонсолон фаъол аст. Мактаби олӣ асосан 6 соли таълимиро дар бар мегирад. Синни миёна — 42 солу 8 моҳ.[11]

Фарҳанг ва маданиятВироиш

Инҷоро ҳам бингаредВироиш

ПийвандҳоВироиш

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Ҳоланд дорад
Иттиҳоди Аврупо

Австрия • Белгия • Булғористон • Дания • Ирландия • Испания • Италия • Кипр • Латвия • Литва • Люксембург • Малта • Маҷористон • Нидерланд • Олмон • Подшоҳии Муттаҳида • Лаҳистон • Португалия • Руминия • Словакия • Словения • Фаронса • Финланд • Чехия • Шветсия • Эстония • Юнон

  1. CIA — The World Factbook(англ.). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2011.
  2. Population; key figures(англ.). StatLine. Statistics Netherlands (5 April 2013). 9 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июли 2014.
  3. 3.0 3.1 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи автоссылка3 ворид нашудааст
  4. The World Factbook — Central Intelligence Agency(англ.). www.cia.gov. 5 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2017.
  5. Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. . Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 январи 2012.
  6. Country comparisons: what stat did you mean?. www.nationmaster.com. 5 октябри 2017 санҷида шуд.
  7. Islam percentage muslim statistics — countries compared — Nationmaster. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2010.
  8. By Country > Buddhism statistics — countries compared — NationMaster. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2011.
  9. Хейнс, Гэвин. Как голландцы стали самой высокой нацией на планете, обогнав американцев. Бойгонӣ шудааст 5 январи 2021  сол. Проверено 5 январи 2021.
  10. Hoeveel mensen met een migratieachtergrond wonen in Nederland?
  11. Europe :: Netherlands — The World Factbook - Central Intelligence Agency. 22 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 май 2020.