Ваҳдат (шаҳрак, н. Шуғнон)
Ваҳдат (то 2012 — Миденшор) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон.
Шаҳрак | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Ноҳия | Шуғнон |
Ҷамоат | Деҳоти Поршнев |
Координатаҳо | 37°21′00″ с. ш. 71°42′58″ в. д.HGЯO |
Номҳои пешина | Миденшаҳр |
Масоҳат | 0,52 км² |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 2426 нафар (2012) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонон |
Номи қавмӣ | шуғнониҳо |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
ҶуғрофияВироиш
Аз Ваҳдат то маркази вилоят 15 км, то шаҳри Душанбе 626 км; роҳ автомобилгард[1]. Масоҳаташ 0,52 км2.
АҳолӣВироиш
Аҳолиаш 2426 нафар (2012), тоҷикон.
Сол | 2012 | 2022 |
Аҳолӣ, наф. |
2426 |
Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиётВироиш
Дар Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, интернати наздимактабӣ, мактаби мусиқӣ, клуб, беморхонаи минтақавӣ, дармонгоҳ, дорухона, маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона, ошхона ва фабрикаи «Ҳаёти нав» мавҷуданд. Ташкилоти байналхалқии МСДСП-и Хазинаи Бунёди Оғохон ва як қатор филиали бонкҳо фаъолият мекунанд. Дар Ваҳдат чашмаи Носири Хусрав, осорхонаҳои инфиродии Носири Хусрав, Шириншо Шоҳтемур, Моёншо Назаршоев мавҷуданд.
КишоварзӣВироиш
Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, занбӯрпарварӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Барчиддара обёрӣ мешавад.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.