Никола́й (Микола[3]) Плато́нович Бажа́н (укр. Мико́ла Плато́нович Бажа́н; дар солҳои 1920 тахаллуси шоири ояндагаро — Ник Бажан, укр. Нік Бажан, 9 октябри 190423 ноябри 1983) — шоир, сенариянависи шуравӣ ва укроинӣ[3], тарҷумон, публисист, фарҳангшинос, донишноманигор, ходими ҷамъиятии Украина. Академики АИ Украина (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), ширкаткунандаи ҶБВ (1941–1945).

Микола Бажан
укр. Микола Платонович Бажан
Тахаллусҳо: Ник Бажан (Нік Бажан)
Таърихи таваллуд: 26 сентябр (9 октябр) 1904
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 23 ноябр 1983(1983-11-23)[1] (79 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор, тарҷумон, нависанда, сиёсатмадор, публисист
Солҳои эҷод: аз 1924
Жанр: байт ва шеър[d]
Забони осор: русӣ ва укройнӣ[2]
Ҷоизаҳо:
"Hammer and Sickle" gold medal
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурх ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "In Commemoration of the 1500th Anniversary of Kyiv"
Stalin Prize, 2nd degree Stalin Prize, 2nd degree Мукофоти ленинӣ
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кор ва фаъолият

вироиш

Аз соли 1957 то охири умр сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Украина буд.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1923 оғоз ёфтааст. Корнамоиҳои ширкатдорони ҷанги шаҳрвандиро васф кардааст (маҷм. «Посбони ҳабдаҳум», 1926). Дар маҷмӯаҳои «Иморат» (1929), «Шумора» (1931) оид ба сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар Украина ҳикоят мекунад. Достони сегонае бо номи «Намиранда» (1937; дар бораи С. М. Киров) дорад. Дар силсилаҳои «Шеърҳои Гурҷистон», «Шеърҳои Ӯзбекистон», «Ҳикояҳои Бориславск», ки дар таассуроти сафар ба ин мавзеъҳо эҷод шудаанд, дӯстию ягонагиро васф кардааст. Аз қаҳрамонию ватандӯстӣ, фидокории аскарону мардуми советӣ дар маҷмӯаҳову шеърҳои дар давраи ҶБВ (1941–45) нигоштааш «Қасам» (1941), достони «Даниил Галитский» (1942), китоби «Дафтари Сталинград» (1943; Мукофоти давлатии СССР, 1946) сухан меравад.

Ашъори баъдиҷангиаш саршор аз ғояҳои мубориза барои сулҳу озодӣ, дӯстию муҳаббат миёни халқҳо мебошанд («Таассуроти сафари Англия», 1949; Мукофоти давлатии СССР, 1949; «Нишонаҳо», 1978; Мукофоти ленинӣ, 1982 ва ғ). Ба забони украинӣ ашъори шоирони рус, латиш, тоҷик, гурчӣ, ӯзбек ва дигарро тарҷума кардааст.

Робита бо Тоҷикистон

вироиш

Бажан ба Тоҷикистон ва баъзе аз аҳли адаби он робитаи дӯстӣ дошт. Баъзе шеърҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Ҷоизаву ҷоизаҳо

вироиш

Барои тарҷумаи «Палангинапӯш»-и Руставели сазовори Ҷоизаи давлатии Гурҷистон ба номи Руставели (1937) гардид; барои тарҷумаи достони «Фарҳоду Ширин»-и Навоӣ унвони Шоири Халқии Ӯзбекистонро гирифт (1968).

Бо ордену медалҳои собиқ ИҶШС (мас., 5 ордени Ленин) мукофотонида шуда буд.

 
Қабри Николай Бажан дар қабристони Байков. МеъморО. К. Стукалов, ҳайкалтарош И. В. Макогон.

Хонавода

вироиш
  • Ҳамсари нахуст — Галина Симоновна Коваленко (1905—1989), ҳунарпешаи театри «Березиль», баъдан тарҷумон. Дочь — Майя.
  • Ҳамсари дуввум — Нина Владимировна Лауэр.

Поси хотир

вироиш

Ба шарафи Н. П. Бажан хиёбон дар Киев, ҳамчунин кӯча дар Харков номгузорӣ шудаанд.

 
Тангаи БМУ

Дар Киев ҳуҷрае ки Николай Бажан зиндагӣ мекард хона-музей табдил дода шудааст.

Нашри осор

вироиш
  • Твори в чотирьох томах. — Київ, 1974—1975.
  • Твори в чотирьох томах. — Київ, 1984—1985.
  • Избранные произведения в двух томах. — М., 1984.
  1. Архив изобразительного искусства — 2003.
  2. CONOR.Sl
  3. 3.0 3.1 БАЖАН Микола // Большой Энциклопедический словарь. — 2000.

Пайвандҳо

вироиш

  Микола Бажан. Сайти «Герои Страны».