Минтақаи ҳифзи об — ҳудудесг бевосита ҳамшафати маҷрои дарёҳо, каналҳои таъйиноти гуногун, обанбору объектҳои дигари обӣ, ки нисбати онҳо низоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳои обӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин барои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад. Онҳо мутобиқи лоиҳаи тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори давлагӣ дар шакли табий муқаррар карда мешаванд. Ҳолати мусоиди нигаҳдории минтақаҳо ба зиммаи иттиҳодияҳо, ташкилоту хоҷагиҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин ба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар дохили ҳудуди ин минтақаҳо ҷой гирифта доранд ва барои истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 294