Ҷанбимадоргон
Ҷанбимадоргон[1] (форсӣ: جنبمدارگان), минтақаҳои нимагармсерӣ, минтақаҳои субтропикӣ — минтақаҳои ҷуғрофиёии Замин, ки дар Нимкураҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, байни минтақаҳои тропикӣ (гармсерӣ) ва муътадил ҷойгир шудаанд.
Вижагиҳо
вироишБа ин минтақаҳо ивазшавии тадриҷии низоми иқлимӣ – гоҳ гармсерӣ (тобистон) ва гоҳ муътадил (зимистон) хос буда, ин ҳодиса ба гардиши умумии атмосфера вобаста аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҷанбимадоргон тобистон 20 °С, зимистон 4 °С мешавад, аммо баъзан дар натиҷаи вуруди ҳавои Қутб ҳарорат то 10 °С паст мешавад. Микдори боришот дар ноҳияҳои наздиуқёнусӣ бештар буда, дар дарунтари қитъа торафт кам мешавад. Дар ҷанбимадоргон дар як қитъа се бахши асосӣ мавҷуд аст: бахши ғарбии наздиуқёнусӣ (ё баҳримиёназаминӣ), ки зимистонаш сербориш аст; бахши қоравӣ, ки дар он тамоми сол боришоти кам мушоҳида мешавад; бахши шарқии наздиуқёнусӣ (ё мавсимӣ), ки тобистон боришот дар он фаровон аст. Барои бахши ғарбии наздиуқёнусӣ (субтропикии камнам) минтақаи буттаю бешазорҳои дуруштбарги баҳримиёназаминии хокаш ҷигарранг хос мебошад. Дар Нимкураи Шимолӣ ин минтақа рӯ ба тарафи Ҷанубу Шарқ, аввал ба минтақаи даштҳои субтропикии хокаш ҷигарии хокистартоб ва баъд рӯ ба тарафи Шарқ ба минтақаҳои нимабиёбонҳо ва биёбонҳои субтропикии бахши қоравии хокашон бӯри хокистартоб ва хокистарранг (субтропикии хушк) иваз мешавад. Дар Нимкураи Ҷанубӣ ба Ҷанбимадоргон Бахшҳои қоравии даштҳои субтропикии хокашон ҷигарранги хокистартоб хоссанд; Ҷанбимадоргон бахшҳои шарқӣ (субтропикии сернам)-ро бешаҳои ҳамешасабз ва бешаҳои паҳнбарги хокашон зард ва сурх фаро гирифтаанд. Олами ҳаёвоноти ҷанбимадоргон омехта буда, чанд намуд ҳайвони минтақаҳои тропикӣ ва муътадилро дар бар мегирад. Оби уқёнус дар ҳудуди ҷанбимадоргон нисбатан гарм (15— 16 °С) ва шӯр аст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Ҷанбимадоргон чист? Маънии ҷанбимадоргон(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 17 марти 2022 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |