Мираки Наққош
Амир Рӯҳуллоҳ маъруф ба Мираки Наққош (? — 1507) — хаттот ва рассоми форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд | асри XV |
---|---|
Мамлакат: |
Зиндагинома
вироишДар Ҳирот ба воя расидааст. Дар овони ҷавонӣ ба камонсозӣ машғул шуда, чанд муддат аз катибанависӣ бар иморатҳо низ рӯз гузарондааст. Баъди шиносоӣ бо наққоши номии замонаш Мавлоно Валиуллоҳ аз ӯ хаттотӣ ва зарфишониро омӯхт. Ба санъати тасвирӣ рағбат пайдо карда, дар ин соҳа ягонаи замон гардид. Амир Рӯҳуллоҳ устоди Камолуддин Беҳзод аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Амир Рӯҳуллоҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.