Мирдарди Деҳлавӣ
Мирдарди Деҳлавӣ (форсӣ: دَرْد دهلوی[1]; 1721, Деҳлӣ — 1785, ҳамон ҷо) — ориф, нависанда ва шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишАз оилаи шоири соҳибдевон Муҳаммадносири Андалеб. Мирдарди Деҳлавӣ ашъорашро ба форсӣ ва урду менавишт. Аз ӯ ду девони ғазалиёт (яке ба форсӣ, дигаре ба урду) боқӣ мондааст. Ба қалами шоир асарҳои мансури «Асрори салавот» ва «Воқеоти Дард» низ мансубанд. Инчунин чор рисола — «Нолаи Дард», «Оҳи сард», «Дарди дил», «Шамъи маҳфил» ҳам аз таълифоти ӯянд (ҳар чаҳор соли 1803 ба табъ расидаанд). Шеър ва рисолаҳоро дар пайравии асари падараш — «Нолаи Андалеб» навишта будааст. Мирдарди Деҳлавӣ инчунин аз мусиқидонони замони худ буда, чанде аз асбобҳои мусиқиро бо маҳорати баланд менавохтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ درد | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 14 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Мирдарди Деҳлавӣ / С. Акрамов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).