Мирзобобо Аҳмадов

Мирзобобо Аҳмадов (1897, деҳаи Қазоқони ноҳияи Конибодом — 1973, Душанбе) — сароянда ва навозанда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1952).

Мирзобобо Аҳмадов
Таърихи таваллуд 1897(1897)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт 1973(1973)
Пеша(ҳо) мусиқидон
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ»

ФаъолиятВироиш

Сароянда ва навозандаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Конибодом (1931-39; 1943-55) — Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1939-43; 1955-57). Аз соли 1958 нафақагири шахсӣ. Сурудҳои классикӣ ва халқиро бо маҳорати баланд месароид, донишу таҷрибаашро ба ҳунарварони ҷавон ёд медод. Сурудҳои «Мепарварам», «Боди сабо», «Эй гули хандон, биё», «Ёбам туро», «Аз фироқи ёр нолонам», «Зи тоби ҷаъди мушкинаш», «Адабгоҳи муҳаббат» ва ғайра дар барномаи Аҳмадов мавқеи хос доштанд.

Ордену ҷоизаҳоВироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш