Мирзобой Маҳмуд, Султон Абулҳасан Алӣ ибни Мӯсо Ризо (? — 1578, Исфаҳон) — мусиқидон, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик, муаллифи «Рисола дар илми мусиқӣ».

Мирзобой Маҳмуд

Зиндагинома

вироиш

Мусиқӣ, шеър, улуми дунявиро дар зодгоҳаш омӯхта, бештар ба омӯзиши осори мусиқии Форобӣ (875—950), Ибни Сино (980—1037), Ибни Зайла (ваф. 1048), Сафиуддини Урмавӣ (1224—1294) ва дигар пардохта, барои такмили дониши назарию амалии мусиқӣ ба шаҳрҳои Табрез, Шероз сафарҳо намуда, аз устодони созу овоз малакаи ҳунарӣ андӯхт. Мирзобой Маҳмуд дар заминаи мусиқии илмӣ кори пурсамар бурда ва дар иртибот масоили созу овоз ду рисола «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар илми мусиқӣ» (дар ин асарҳояш бештар ба таркиботи «Дувоздаҳмақом», шаклу анвои шеърию мусиқӣ таваҷҷӯҳ намуда, ниг. «Рисола дар илми мусиқӣ») навишта, ӯ баробари идомаи нуктаҳои таҳқиқии мусиқидонони то замонааш, инчунин роҷеъ ба масоили шаклу анвои созию овозии қарни 16-17 ҳавзаҳои ҳунарии Хуросону Эрон ва Мовароуннаҳр тавсифоти назарӣ додааст. Мирзобой Маҳмуд дар асарҳояш равиши тавсифии донишии мусиқиро идома дода, дар шарҳи таркиботи мақомҳо («Дувоздаҳмақом») ба хулосаҳои тоза комёб шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — ISBN 978-99947-49-13-3