Мирзоватан Миров (зод. 8 декабр 1949, Даштиҷум, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) — ҳунарпеша ва коргардони театр, овозхон ва оҳангсози тоҷик. Ходими шоистаи ҳунари ҶШС Тоҷикистон (1987), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (2006)[1].

Мирзоватан Миров
Таърихи таваллуд: 8 декабр 1949(1949-12-08) (74 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр, коргардони театр, овозхон, оҳангсоз
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи (1972) факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ), солҳои 1972—1979 актёр ва саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб, 1979—1980 муҳассили курси коргардонии Театри академии мазҳакаи Маскав, 1980—1992 саркоргардон ва роҳбари бадеии Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб, 1992—1998 коргардон ва роҳбари бадеии Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ, 1998—2001 сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, солҳои 2002—2011 раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон буд. Ба сифати актёр дар намоиш­номаҳои «Писари калонӣ», «Се нафар хушдор», «Табиби зӯракӣ», «Раиси сездаҳум», «Падаршоҳи вопасин», «Ҳуррият», «Салом падарони азиз» ва ғайра нақшҳои асосӣ бозида, ҳамчун коргардон спектаклҳои «Карим — Девона», «Сафар Амиршоев», «Шамшер ва рангинкамон», «Қатораи охирин», «Дар чорсӯ», «Фишор», «Чамбули Мастон», «Зани оҳанин», «Ромео ва Ҷулйетта», «Раъно», «Найрангҳои Скапен» ва ғайраро рӯи сахна овардааст. Барои якчанд намоишнома мусиқӣ навиштааст. Ҳарчанд аз мактаби ҳунари Одина Ҳошим гузаштааст, сабки хоси хониш дорад, аз осори шуарои пешину муосир ва мероси халқӣ сурудҳои зиёд бо лаҳни хуш иҷро кардааст. Ба ҳайси оҳангсоз «Саҷда ба деҳқон», «Ғофил мабош», «Ошиқ шудаам», «Сабзина», «Ман ҷавонам», «Им­шаб», «Қадри шоир», «Ситораи ман», «Назира», «Кӯҳнадиёро», «Дастат нагирам», «Лолагун бод», «Асар накард» барин сурудҳо эҷод кардааст, ки овозхонони шинохта мехонанд. Ба Афғонис­тон, Эрон, Покистон, Аморати Араб, Муғулистон, Лаос, Голландия, Олмон, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

  • Ману саҳна, Д., 2009.

Адабиёт

вироиш
  • Аюбзода С. Дунёи Мирзоватан, Д., 1999.
  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.