Мирзода Ишқӣ (форсӣ: میرزاده عشقی‎; 10 [22] декабр 1894 ё 1894, Ҳамадон3 июл 1924, Теҳрон[1]) — шоир, рӯзноманигор, нависанда, намоишноманавис ва офаринандаи нахустин операи эронӣ.

Мирзода Ишқӣ
форсӣ: محمدرضا میرزاده عشقی
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: میر محمدرضا بن ابوالقاسم کردستانی
Таърихи таваллуд: 10 (22) декабр 1894 ё 1894
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 3 июл 1924(1924-07-03)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, намоишноманавис, коргардони театр, шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ ва фаронсавӣ
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома

вироиш

Сайид Муҳаммадризо Ишқӣ аз пурҷӯшу хурӯштарин шоирони даврони машрутият аст. Вай дар соли 1894 дар шаҳри Ҳамадон таваллуд шудааст. Дар кӯдакӣ ва навҷавонӣ забони фаронсаро омӯхт ва аз овони ҷавонӣ ба шоирӣ ва рӯзноманигорӣ рӯй овард. Дар авоили ҷанги ҷаҳонии аввал роҳи Истанбул (Туркия). Ки маркази фаъолиятҳои миллиюн ва озодихоҳони Эрон буд, шуд ва нахустин осори худ “Наврӯзнома” ва “Операи растохези шаҳриёрони Эрон”-ро халқ кард ва дар бозгашт ба Эрон, ба сафи пайравони ҳизби сотсиалистӣ папйваст ва бо интишори рӯзномаи «Қарни бистум» муборизоти сиёсии худро густариш дод ва хусусан алайҳи қарордоди истеъмории 1919, ки байни Эрон ва Ингилистон дар замони нахуствазирии Вусуқуддавлат баста шуда буд, ба по хост ва баъдҳо алайҳи Ризохон мухолифат намуд. Матолиб, корикотурҳо ва ашъори тунду интиқодии рӯзномаи «Қарни бистум»-ро тавқиф ва Ишқиро террор карда, ба қатл расонданд. Дар бораи ин шоири миллӣ метавон гуфт. Ки вай дар ашъори сиёсӣ ва иҷтимоии худ бо баёне тунду асабонӣ бо ҷаҳлу хурофот, фақру фасод, ақибмондагӣ ва тирарӯзиҳо метозад ва ба ҳимояи маҳрумон ва ситамдидагон бармехезад. Ҳарчанд ки дар ин ашъор ҳамвора ҷомеагароии сатҳӣ бар ҷаҳонбинии амиқ ва шуури инқилобӣ бар шуури ҳунарӣ ғолиб аст, Ишқӣ монанди дигар сарояндагони мардумгарои Машрутият мисли Орифи Қазвинӣ, Сайидашрафуддини Гелонӣ ва дигарон шеърро васила ва абзоре барои мубориза ва ситез бо истибдод ба кор мебурд ва чандон дар қайду банди зебоишиносонаи шеър ва сохтори ҳунарӣ ва эстетикии он набуд ва ин амр реша дар авзоъ ва аҳволи иҷтимоию сиёсӣ дошт ва дар ҳақиқат як зарурати таърихӣ буд ва паёму маъноро бар сохтор ва инсиҷому истеҳкоми шеър муқаддам мешуморид. Бо ин ҳол, гузашта аз ғазалиёт, ҳаҷвиёт ва ҳазлиёт бархе талошҳои таҷаддудталабонаи ӯ назири қитъаоти «Кафани сиёҳ», «Эҳтиёҷ» ва бавежа «Се тоблуи Марям», ки Ишқӣ онро «Дебочаи инқилоби адабии Эрон» меномад, қобили тааммул аст. Ин осор, ки ҳосили талоши Ишқӣ дар офариниши шеавъи шеъри намоишӣ бо баёни реалистӣ аст ва баъзан мутассир аз навҷӯиҳои Тақии Рафъат ва Ҷаъфари Хоманӣ, нишонгари истеъдоди билқувваи ӯ дар суннатшиканӣ ва навҷӯист ва аз нахустин шуароест, ки роҳу равиш ва сабки Ниморо пазируфт ва таҳти таъсири сабки нимоӣ ва мазомини он буд, ки шеъри «Се тоблуи Марям» натиҷа ва ҳосили пайравӣ аз Нимост. Ишқӣ ҳамчунин муттасир аз адабиёти навини Туркия, ба бархе навовариҳо дар ҳавзаи корбурди қофия низ тамоил нишон додааст. Ашъори ӯ ҳам аз назорати қолиб ва наҳваи тавсиф, тасвирпардозӣ ва ҳам аз назари маънӣ нав ва тоза менамояд ва ҳамчунин вай барои аввалин бор дар таърихи адабиёти Эрон шеваи тозаеро дар шеър ироа дод ва шеъри арӯзиро бо сабки аврупоӣ даромехт. Ишқӣ дар соли 1925 ба шаҳодат расид. Абёте аз «Се тоблуи Марям»

Машриқзамин

вироиш
Хирагӣ бингар, ки дар мағрибзамин ғавғо ба пост,
Ин ҳаме гӯяд, ки Эрон аз ман, он гӯяд зи мост.
Эй гуруҳи поки Машриқу Ҳинду Эрон Турку Чин,
Бар сари Машриқзамин шуд ҷанг дар Мағрибзамин.
Дар Аврупо Осиёро луқмае пиндоштанд,
Ҳар як андар хӯрданаш чигилҳо бардоштанд.
То нахобад Шарқ, кай Мағриб барояд офтоб,
Ғарбро бедорӣ он гаҳ шуд, ки шуд шарқӣ ба хоб.
Дорам умед он ки гар шарқӣ биёбад иқтидор,
Аз пайи осоиши халқ иқтидор ояд ба кор.
На чун ғарбӣ одамеро ронда аз ҳар ҷо кунад,
Одамеро, одамиятро чунин расво кунад.

Адабиёт

вироиш
  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе — 2012. Саҳ — 54