Ниёз Мирзоев

(Тағйири масир аз Мирзоев Ниёз)

Ниёз Мирзоев (15.02.1949, н. Айнӣ) — олим, доктори илмҳои таърих (1997), профессор (1999).

Ниёз Мирзоев
Ниёз Мирзоев
Таърихи таваллуд 15 феврал 1949(1949-02-15) (75 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Соли 1968 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм намуда, дар аспирантураи Институти шарқшиносии АИ СССР (ш. Маскав) хондааст. Аз соли 1977 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба фаъолият шурӯъ намуда, вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи Тоҷикистон (1977-1988), декани факултаи таърих (1989-2004), профессор ва мудири кафедраи муносиботи байналмилалиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(2004-2011) иҷро кардааст. Оид ба равобити Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамолики Шарқ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангии Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон, ислоҳоти маориф дар Эрон ва дигар мавзӯъҳои марбута беш аз сад таълифот ба табъ расондааст. Иштирокдори чандин ҳамоиши байналмилалии муаррихону ховаршиносон мебошад.

  • Ҳамкориҳои ИҶШС бо мамолики Шарқ. – Д., 1990 (бо ҳуруфи арабӣ);
  • Бабидское восстание в Иране в 1848-1852гг. – М., 1990;
  • Ҳамкориҳои самарабахш. – Д., 1991; Реформы образования в Иране. – Д., 1995;
  • Робитаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон. – Д., 1997;
  • Тоҷикистон ва Эрон: Шоҳроҳи ҳамкориҳо. – Д., 1998;
  • Таджикистан и страны Востока. – Д., 1998;
  • Экономическое и культурное сотрудничество Таджикистана со странами Востока. – Д., 1998;
  • Ҷавҳари таърих. – Д., 2003 (ҳаммуаллиф), нашри дуюм. – Д., 2006. ва диг.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 343.