Мирзонуруддин Накҳат

Мирзонуруддин Накҳат (? — 1672, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Мирзонуруддин Накҳат

Зиндагинома

вироиш

Дар Қошғар ба дунё омада, дар Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Дар шеър ба Анварӣ ва Заҳири Форёбӣ пайравӣ кардааст. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ менавишт. Девонаш пайдо нагардидааст. Намунаҳо аз эҷодиёти Накҳат дар баёзҳо ба назар мерасанд.

Адабиёт

вироиш
  • Накҳат Мирзонуруддин // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).