Умед Мирзоширинов

(Тағйири масир аз Мирзоширинов Умед)

Умед Мирзоширинов (тав. 29 майи 1972, Хоруғ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — коргардони саршиноси тоҷик.

Умед Мирзоширинов
Таърихи таваллуд: 29 май 1972(1972-05-29) (52 сол)
Зодгоҳ: Хоруғ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: коргардон
IMDb: ID 2018635

Зиндагинома

вироиш

Умед Мирзоширинов 29 майи соли 1972 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст[1]. Солҳои 1990 дар шаҳри Маскав дар риштаи актёрии ВГИК — Донишгоҳи кинематографияи Русия таҳсил карда, баъдан дар ВИППК факултаи коргардониро хатм кардааст.

Фаъолият

вироиш

Дар киностудияи «Мосфилм» ба сифати ёвари коргардон кор кардааст. Дар таҳияи чанд филми бадеӣ, аз ҷумла «Ду рафиқ» (коргардон В. Пендраковский) иштирок доштааст. Соли 2000 ба Душанбе баргашт ва дар «Тоҷикфилм» филми бадеии «Муҷассамаи ишқ»-ро рӯи навор овард, ки муваффақият пайдо намуд. Баъдан филми бисёрқисматаи телевизионии «Муҳаббат»-ро таҳия сохт, ки писанди умум афтод[2].

Филмҳо

вироиш

Муаллифи чандин филми бадеӣ аст, аз ҷумла: «Бумеранг» (1997), «Гулҳои Душанбе» (2001), «Муҷассамаи ишқ» (2003) «Мушкилкушо» (2015), «Додараки фариштаҳо»[3] (2021) ва дигарҳо аст[4].

  1. Статуя любви (Мучассамаи ишқ) - Открытый фестиваль кино "Киношок"(рус.). www.kinoshock.ru. 26 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 октябри 2017.
  2. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  3. «Додараки фариштаҳо» дар пардаи синамо. Тоҷикфилм. 20 Январ 2022 санҷида шуд.
  4. У.Мирзоширинов: Дар Тоҷикистон ҳама забонҳо модарианд, аз ҷумла забонҳои помирӣ(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 26 июли 2018 санҷида шуд.