Муҷассамаи ишқ

филми тоҷикӣ

«Муҷассамаи ишқ» — филми тоҷикии соли 2003 бо коргардонии Умед Мирзоширинов ва филмноманависии Аброр Зоҳир, истеҳсоли киностудияи Тоҷикфилм[1].

Муҷассамаи ишқ
Кадр аз филми «Муҷассамаи ишқ»
Кадр аз филми «Муҷассамаи ишқ»
Жанр драма
Коргардон Умед Мирзоширинов
Таҳиякунанда Раҷабалӣ Пиров
Муаллифи
филмнома
Аброр Зоҳир
Дар нақшҳои
асосӣ
Некрӯз Мамадшоев
Убайдулло Раҷабов
Савригул Қурбонова
Майсара Мамадҷонова
Тоҷинисо Саидова
Қиёмиддин Чақалов
Наворбардор Алишер Негматов
Оҳангсоз Далер Назаров
Иқбол Завқибеков
Ширкати синамоӣ Тоҷикфилм
Давомнокӣ 72 дақ
Мамлакат  Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ
Сол 2003
IMDb ID 0474941

Достони филм

вироиш

Достони филм дар бораи писаре бо номи Неъмат қисса мекунад, ки падару модар надораду дар хонаи аммааш Санам зиндагӣ дорад. Неъмат ба Зебӣ, духтари аз худаш чанд сол бузургтар ошиқ мешавад, аммо Зебӣ бо номзади худаш, як муаллим издивоҷ мекунад.

Дар ҳамсоягии Санам пирмарде бо номи Ғаффор хона дорад, ки ӯ ба Санам ошиқ аст ва ҳар гоҳ гӯсфандони Неъмат ба боғи ӯ медароянд, ӯ гӯсфандонро дар ҳавлииаш маҳкам карда аммаи Неъмат, Санамро даъват мекунаду ба як нози Санам гӯсфандонро дубора раҳо месозад.

Дар нақшҳо

вироиш

Ҷоизаҳо

вироиш

Умед Мирзоширинов дар нахустин кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки соли 2004 баргузор шуда буд, бо филми маъруфи «Муҷассамаи ишқ» ғолиби озмун шуда буд[2].

Пайвандҳо

вироиш