Мирзо Олимов
Мирзо Раҳимович Олимов (18 июни 1935, ноҳияи Сӯх — 10 феврали 2001) — табиби варзидаи тоҷик, бунёдгузори осоишгоҳи Зумрад.
Мирзо Раҳимович Олимов | |
Таърихи таваллуд | 18 июн 1935 |
Зодгоҳ | ноҳияи Сӯх, ҶШС Узбакистон |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 2001 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | пизишк |
Зиндагинома
вироишМирзо Олимов 18 июни соли 1935 дар ноҳияи Сӯхи ҶШС Узбакистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мирзо пас аз итмоми мактаби ҳафтсола ба шаҳраки Сӯх рафту дар интернат манзил гирифт.
Шароити вазнини оилавӣ ӯро маҷбур намуд, ки баъди таҳсили мактаби миёна дар колхоз ба сифати подабон ба кор дарояду пеш аз ҳама зиндагии хонаашонро дуруст кунад. Пас аз як соли кор модараш ӯро намонда, хоҳиш кард, ки таҳсилашро давом диҳад. Ба нияти пизишк шудан соли 1953 ӯ роҳи пойтахти Тоҷикистонро пеш гирифт ва соли 1959 вай Донишгоҳи тиббиро ба охир расонд.
Корнома
вироиш- 1959 — духтури БМН-Исфара буд.
- 1962 — Мудири дармонгоҳи шаҳр.
- 1963 — Муовини сардухтури БМН.
- 1964 — Сардухтури БМН.
- 1967 — Мудири шуъбаи касалиҳои дарунии БМН.
- 1975 — Сардухтури Осоишгоҳи «Зумрад»
Бунёди осоишгоҳ дар шаҳри Исфара бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд, ки барои фардои дурахшон ҳамчун шаҳри курортӣ асос гардид. Декабри соли 1975 Мирзо Олимовро сардухтури осоишгоҳи байниколхозии «Зумрад» тасдиқ намуданд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки «Зумрад» ҷойи дӯстдоштаи мардуми Тоҷикистон гардад. Барои ин заҳматҳои зиёд кашид. Дар муддати роҳбарии ӯ биноҳои нав комат афрохт. Чойхонаи Сино, Қасри «Шифокорон» ва ахиран «Осорхонаи тибби тоҷик»[1] ба намуди осоишгоҳ ҳусни абадият бахшид. Маҳз бо шарофати кордонии Мирзо Олимов 11 километр болотар дар ҷойи хушбоду ҳаво осоишгоҳи мавсимии «Зумрад-2» ташкил ёфт ва соли 1990 аввалин беморони худро қабул кард.
Осор
вироишМирзо Олимов дар тӯли умри худ зиёда аз 50 мақалои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби алоҳида бо номи «Курорт Исфара — санаторий Зумрад», «Меҳрномаи Сино», «Уринамуолиҷа» ва ду филми мустанаде дар ситоиши «Зумрад» эҷод намуда, дар бобати омилҳои табобатӣ, усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешбурди ояндаи кор дар шифогоҳ таври илмӣ маслихатҳои судманд додааст. Дар ҷашни 60 — солагиаш чун эҳтиром бар кору бори «Зумрад» ва ахли кормандон ду китоби дигар бо номи «Дуои модар» ва «Ошёни булбулон» нашр шуд.
Ҷоизаҳо
вироишХидматҳои арзандаи сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Мирзо Олимов аз тарафи ҳизбу ҳукумат бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медали «Барои меҳнати шоён», бахшида ба 100-солагии В. И. Ленин, «Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ», медалҳои ба номи Пирогов, ба номи Боткин ва ниҳоят унвони баланди соҳаи тандурустии Тоҷикистон «Ходими шоистаи сиҳатии оммаи Тоҷикистон» қадр шудааст.