Зумрад (осоишгоҳ)

(Тағйири масир аз Осоишгоҳи Зумрад)

«Зумрад» (ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад») — осоишгоҳ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд.

Осоишгоҳи «Зумрад», Исфара

Мавқеъи ҷуғрофиёӣ

вироиш

Дар соҳили рӯди Исфара (дар баландии 940 м аз с. б.) дар нишемангоҳи кӯҳҳои Варорӯд ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 20 га. Аз «Зумрад» то маркази шаҳр — 3 км, то шаҳри Хуҷанд — 110 км. Иқлими маҳал континентист; тобистон — хушк, зимистон — муътадил. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 26°С, январ — 2°С. Мавзеи «Зумрад» зеботарин гӯшаи шаҳр буда, ба осорхонаи табиӣ монанд аст. Сабаби таъсиси «Зумрад» чашмаи минералии «Обишифо» аст.

Таърих

вироиш

Дар ҷои кунунии «Зумрад» соли 1972 барои кормандони соҳаи кишоварзӣ хонаи истироҳат (150 кат) сохта шуда буд. Соли 1976 онро ба осоишгоҳ табдил доданд (барои 260 нафар дар як баст). Баъди ба истифода додани бинои № 1 (соли 1983) адади ниёзмандон ба 380 ва бинои № 4 (соли 1987) ба 500 нафар дар як баст расид. Соли 2015 ба ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» табдил дода шуд.

Шароит

вироиш

«Зумрад» дорои 3 бинои иқоматӣ, 2 котеҷ, 3 бинои табобат (барои 250 нафар дар як соат), қасри «Шифокорон» (дорои 300 ҷой), китобхона, чойхонаи «Сино», Осорхонаи тибби тоҷик (ба номи ташаббускори бунёди «Зумрад» ва аввалин сарвари он Мирзо Олимов), ошхона (дорои 500 ҷои нишаст), толори рақс, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимиёӣ, шуъбаҳои ташхис, дандонпизишкӣ ва ғайра мебошад. Дар «Зумрад» бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва ғ.), узвҳои такя ва ҳаракат (тарбод, остеохондроз, остеоартроз, остит, бурсит ва ғ.), касалиҳои занона (илтиҳоби бачадон, бенаслӣ, эндометрит, аднексит, колпит ва ғ.), илтиҳоб ва захми меъда, амрози ҷигар, талхадон, гурда ва роҳҳои пешоб ва ғайра дармон карда мешаванд. Муолиҷа бештар бо истифода аз оби минералӣ (обшифоӣ), варзиш, парҳез, лойқаи шифобахш, лойқабарқ, озокерит (муми кӯҳӣ), нафталан, барқшифоӣ, магнитшифоӣ, масҳшифоӣ, сӯзандармонӣ ва ғайра сурат мегирад. Дар маркази варзиши шифоии «Зумрад» 37 намуд дастгоҳҳои муолиҷавӣ, тенниси рӯи миз, биллиард, майдончаи волейболу бадминтон мавҷуданд. «Зумрад» тамоми сол фаъолият мекунад.

Сарварон

вироиш

Сарварони Зумрад: Мирзо Олимов (1975—1996), З. В. Восидов (1996—2011), З. М. Олимов (аз 2011—2016), А. Р. Ҳалимов (аз 2016).

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 2015 «Зумрад» барои сифати олии хидматрасонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии тилоии «Quality Summit» (Авҷи сифат) мушарраф гардидааст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Бобохонов С. Б., Восидов З. (ва дигарон). Зумрад. Д., 2005.