Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ

Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ (форсӣ: میرزا غلامرضا اصفهانی‎; 1830, Исфаҳон29 декабр 1887, Теҳрон) — хушнавис, устоди хатти настаълиқ ва шоири форс-тоҷики давраи Қоҷор.

Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: 1830
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 декабр 1887(1887-12-29)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Солҳои эҷод: 18391887
Жанр: настаълиқ[d]
Забони осор: форсӣ
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Мирзо Ғуломризоро шахсе ориф, адиб ва аҳли маънӣ тавсиф кардаанд. Ғуломризо дар 5-солагӣ ба мактаб рафт ва пас аз ду сол қодир ба хондани Қуръон ба таври комил шуд ва дар 9-солагӣ ҳамчун хушнавис маъруф шудааст. Дар баробари хушнависӣ илмҳои замонашро низ аз худ карда, шеър ҳам эҷод мекард. Аз Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ осори зиёди хаттотӣ боқӣ мондааст, ки бархе аз онҳо дар осори миллии ҳунари Эрон сабт шудаанд. Дар хаттотӣ сабку шеваи хосси худро дошт. Рисолаи «Туҳфату-л-вузаро», «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ ва чандин рисолаи диниро китобат намуда, аз худ катибаҳо, қитъаву баёзҳои зиёдро бо хатҳои шикаста ва настаълиқ ба мерос гузоштааст. Катибаҳои мадрасаи Сипаҳсолор (мадрасаи Олӣ Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар майдони Баҳористони Теҳрон) аз беҳтарин намунаи ҳунари хаттотии Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ мебошанд (1301).

Адабиёт

вироиш