Мирзо Ҳасани Зарринқалам

Мирзо Ҳасани Зарринқалам (форсӣ: میرزا حسن زرین‌قلم‎; қарни XVIII — қарни XIX) — хаттот, наққош ва шоири форс-тоҷик.

Мирзо Ҳасани Зарринқалам
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Зарринқалам дар навишт бо ҳафт хатти маъмул — кӯфӣ, сулс, райҳонӣ, риқоъ, насх, настаълиқ ва туғроҳои тазйинӣ (услуби хушнависие, ки бо он танҳо амру фармонҳои шоҳ навишта мешуданд) маҳорати комил дошт. Ӯ бо истифода аз хатҳои мухталиф, ҳамоҳангсозии онҳо ва нигориши тасвирҳои мазҳабӣ асарҳои ҷолиб офаридааст. Асарҳои эҷоднамудаи Зарринқалам Мирзоҳасан хонаву меҳмонхонаҳо ва қасрҳои ашроф ва бузургони даврро оро медоданд. Нигориши номҳои Худои таъоло ва имомон, бузургони соҳибэҳтироми мазҳабӣ, подшоҳону дарвешони машҳури замон ва аҳли тариқат асарҳои асосии ӯ буданд. Зарринқалам Мирзоҳасан дар шоирӣ ҳам маҳорати баланд дошт ва тахаллусаш Тоҷушшуаро буд. Аз осори бо хатҳои настаълиқ, насх, сулс, таълиқ, тавқеъ, туғроӣ ва шикастаи настаълиқ офаридаи ӯ бо унвонҳои «Катибаи Ҳасани Зарринқалам», «Хоназоди ҳумоюн… Ҳасани Зарринқалам, маддоҳи рикоби Носируддиншоҳ» ва ғайра то замони мо маҳфуз мондаанд.

Адабиёт

вироиш