Ғиёсуддин Мироҷов

Ғиёсуддин Қутбуддинович Мироҷов - доктори илми тиб (1982), профессор (2008). Академик (2001). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999). Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2003).

Ғиёсуддин Мироҷов
Ғиёсуддин Қутбуддинович Мироҷов
Таърихи таваллуд: 1944
Зодгоҳ:
Фазои илмӣ: пизишкӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d]
Алма-матер:

ЗиндагиномаВироиш

Ғиёсуддин Қутбуддинович Мироҷов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба поён расондааст (1968), ихтисос – «гастроэнтерология. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: гастроэнтерология, бемориҳои дарунӣ. Ходими калони илмӣ, муовини директори Институти гастроэнтерологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1972-1995). Сардори Раёсати илм ва муассисаҳои илмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2000). Директори Институти гастроэнтерологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2009). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биология ва тибби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2005). Президенти Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009 - 2011), директори Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009 – то имрӯз).

ҶоизаҳоВироиш

  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999).
  • Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2003).[1][2]

ЭзоҳВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с
  2. [ http://www.ant.tj/culture/academy/structure_ant/35-otdelenie-biologicheskih-i-medicinskih-nauk.html Отделение биологических и медицинских наук]

Пайвандҳои берунаВироиш