Миршаб
Миршаб — мансаби маъмурию ҳарбӣ дар шаҳру вилояти ва хониҳои Осиёи Миёна. Дар аморати Бухоро аз хонии Хева то ғалаби Инқилоби Халқии Бухоро (1920) ходими полисхонаро Миршаб мегуфтанд. Дар хонии Хӯқанд қӯрбошӣ, дар кишвари Туркистон. Миршаб аз давраи ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Русия то ғалаби Инқилоби Октябр дар маҳалҳои аҳолинишин низ мавҷуд буд. Миршаб риояи тартиботеро, ки амир, хон ва дигар шахсони мансабдори олӣ муқаррар мекарданд, назорат менамуд. Миршаб баъди ғалабаи Ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна барҳам хӯрд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.