Миршариф Мунсиф (қарни XVII) — шоири форс-то­ҷик.

Миршариф Мунсиф

Зиндагинома

вироиш

Дар байни мардум бо номи Бобохоҷа низ шуҳрат доштааст. Мунсиф дар эҷоди ашъор ва ифодаи мазмунҳои тоза соҳиби маҳорати комил будааст. Соли 1678 барои такмили илм ба Бухоро меравад ва дар мадрасаи Ғарбия ба омӯзиши ҳандаса, нуҷум, аркони зич машғул мешавад. Дар соҳаҳои гуногуни илм таълифоти зиёде доштааст. Мунсиф асарҳои манзум ва мансури худро ба забонҳои арабӣ ва форсӣ менавишт. Доир ба илми мусиқӣ низ асаре дорад. Чанд муддат ӯ Мавзун тахаллус ме­кард.

Адабиёт

вироиш
  • Суханварони Сайқали рӯи замин, Душанбе, 1973.