Миршоҳӣ Маъсуд

Маъсуд Миршоҳӣ - (форсӣ: معسود مرشاهی ‎; тав. 1954 Эрон) Доктори илми тиб (1984), профессор (1986). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2003). Профессори ифтихории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2000).

Маъсуд Миршоҳӣ
معسود مرشاهی
Санаи таваллуд:

соли 1954

Зодгоҳ:

Эрон

Фазои илмӣ:

олим

ЗиндагиномаВироиш

Донишгоҳи тиббии Машҳадро ба поён расондааст (1979), дар Донишкадаи тиббии Париж мадраки пизишкӣ духтури иммунологро гирифтааст (1982). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: онкология, иммунология, токсикология, бемориҳои чашм. Профессори донишкадаи тиббии Донишгоҳи Париж (1986 – то имрӯз).

МукофотВироиш

  • Дорандаи чандин ҷоизаҳои байналмиллалӣ дар соҳаҳои иммунология, биологияи молекулавӣ, онкология ва муҳандисии генӣ мебошад.
  • Дорандаи Ҷоизаи байналмиллалӣ дар соҳаи офталмологӣ ба номи Ипсен (2007).

[1]

Пайвандҳои берунаВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. –Душанбе: Дониш, 2011. -216 с.